Ба гузориши ИКНА ба нақл аз “Ал-Наҳар”, Надаф Шушонӣ, сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ, тавассути паёмрасони «X» ба пурсиши Муҳаммад Салоҳ дар бораи шаҳодати Сулеймон Ал-Абид, бозигари пешини дастаи миллии Фаластин, ки бо номи «Пелеи Фаластин» маъруф буд, посух дод. Шушонӣ ба Муҳаммад Салоҳ навишт: «Дар анҷоми таҳқиқоти ибтидоӣ ҳеҷ сабте, ки ба рӯйдодҳои марбут ба Сулеймон Ал-Абид ишора кунад, пайдо нашуд. Мо барои таҳқиқоти дақиқтар ба ҷузъиётҳои бештар ниёз дорем!»
Қаблан, Конфедератсияи футболи Аврупо (ЮЕФА) даргузашти ин бозингарро таслият гуфта буд. ЮЕФА дар саҳифааш дар паёмрасони «X» навишта буд: «Хайр, Сулеймон Ал-Абид, Пелеи Фаластин, истеъдоде, ки ҳатто дар ториктарин лаҳзаҳо, умедро ба дили кӯдакони зиёд баргардонд.»
ЮЕФА дар паёми худ сабаби даргузашти ин бозингарро зикр накарда буд, ки ҳамин мавзӯъ Муҳаммад Салоҳро водор сохт, ки ҷузъиёти бештар талаб кунад. Салоҳ дар ҷавоб ба паёми ЮЕФА навишт: «Оё метавонед ба мо бигӯед, ки чӣ гуна, куҷо ва чаро?»
4299407