Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз ал-Фурат Нюз, рӯзҳои панҷшанбе, Остони муқаддаси Имом Ҳусайн (а) хабар дод, ки кӯмакҳои башардӯстонаи фаврӣ ба мардуми Ғазза оғоз гардида, ин амал қисмате аз пӯйиши Зиёрати Арбаин аст ва бо ҳимояти мустақими Оятуллоҳ Систонӣ амалӣ мешавад. Ҳадафи аслӣ сабук кардани ранҷу машаққати мардум дар Ғазза гуфта шудааст.
Муҳаммад Юсуф, узви ҳайати намояндагии Остони муқаддаси Ҳусайнӣ дар Навори Ғазза, гуфтааст:
«Барои муқобила бо сиёсатҳои гуруснагии ҳадафманд, ки ишғолгарони саҳюнистӣ дар пеш гирифтаанд, имрӯз мо дар доираи пӯйиши Арбаин ва бо пуштибонии Оятуллоҳ Систонӣ, ғизо миёни мардуми муҳосирашудаи шимоли Навори Ғазза тақсим мекунем.»
Ӯ афзуд:
«Ин тақсимот бо кумакҳои саховатмандонаи Остони муқаддаси Имом Ҳусайн (а) дар ҳоли анҷом аст.»
4299970