IQNA

Анҷоми 45-умин давраи мусобиқаи байналмилалии Қуръон дар Арабистони Саудӣ

18:19 - August 17, 2025
рақами хабар: 3740
Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи 45-уми байналмилалии ҳифз, тиловат ва тафсири Қуръон бо номи "Малик Абдулазиз" рӯзи 23-уми моҳи мурдод, дар Масҷидулҳаром ҷамъбаст шуд.

Ба гузориши ИКНО, ба нақл аз сомонаи "wakebeconomic.com", марҳилаи охири ин мусобиқа бо ширкати 179 нафар аз 128 кишвари дунё баргузор гардид ва 6 рӯз пайиҳам идома ёфт.

Ин давраи мусобиқа бо рақобати сахт ва ҷиддӣ, сифати баланд дар тиловат, дониши амиқи ширкаткунандаҳо дар ҳифз, иҷрои зебо ва овозҳои гӯшнавоз фарқ мекард. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳ ба китоби Худо хеле ҷиддист ва як насли наву ваъдабахши қуръонӣ аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон рӯ ба рушд аст.

Дар доварии ин марҳила, як гурӯҳи мутахассисони байналмилалӣ дар улуми Қуръон иштирок доштанд. Ҳамзамон, системаи электронии доварӣ барои таъмин кардани адолат ва дақиқӣ дар ҳисобкунии холҳо навсозӣ шудааст.

Мусобиқа дар панҷ бахш баргузор шуд:

Ҳифзи пурраи Қуръон бо иҷрои зебо ва қироат бо ҳафт сабки мутавотир (маъруф)

Ҳифзи пурраи Қуръон бо иҷро ва қироати хуб, инчунин тафсири вожаҳои муҳими Қуръон

Ҳифзи пурраи Қуръон бо адаб ва қироати дуруст

Ҳифзи 15 ҷузъи пайдарпайи Қуръон бо иҷрои хуб ва риояи қироати саҳеҳ

Ҳифзи 5 ҷузъи пайдарпайи Қуръон бо ҳамон талабот

Қарор аст, ки ба ғолибони ин мусобиқа, ки яке аз муътабартарин ва нуфуздортарин мусобиқаҳои Қуръонӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, 4 миллион риёли Арабистонӣ ҷоиза дода шавад.

Ғолибон дар маросими ҷамъбастии расмӣ, ки дар Масҷидулҳаром баргузор мешавад, иқдос (тақдир) хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа рӯзи шанбе (18-уми мурдод) бо ташаббуси Вазорати корҳои исломӣ, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ дар шаҳри муқаддаси Макка оғоз шуда буд.

4300023

captcha