IQNA

Давлат ва миллати Ироқ маънои воқеии «Муҳаббати Ҳусайн моро ҷамъ мекунад»-ро нишон доданд

19:01 - August 17, 2025
рақами хабар: 3745
Вазири корҳои дохилии Эрон, Искандар Муъминӣ, дар як паёми вижа аз мардуми Эрон ва тамоми масъулони фаъол дар баргузории Арбаин изҳори сипос намуда, гуфт: Меҳмондории шоистаи давлат ва миллати Ироқ, шиори маъруфи "Муҳаббати Ҳусайн (а) моро ҷамъ мекунад" –ро ба таври комил ва воқеӣ амалӣ кард.

Ба гузориши ИКНО, ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Вазорати кишвар, матни паёми вазир чунин аст:

«Имсол дар рӯзҳои Арбаин, боз ҳам як ҳодисаи бузурги маънавӣ ва ёдмонӣ дар торихи муҳаббат ва садоқат ба сарвари шаҳидон — Ҳазрати Абоабдуллоҳ Ҳусайн (а) рӯй дод.

Дар ин рӯзҳо, мо шоҳиди ҳамоҳангии хуб, ва иттиҳоди бесобиқаи мардум ва масъулон будем, ки боиси баргузории маросими беназири ҷаҳонии Арбаин шуд — аз лиҳози амният, назму тартиб, хизматрасонии тиббӣ, нақлиёт ва рафту омади осону созгор барои зиёда аз 3,6 миллион зоири эронӣ.

Мехоҳам аз миллати шариф ва азизамон — Эрони исломӣ, бахусус зоирони Ҳусайнӣ, ки нақши асосиро дар ин рӯйдоди бошукӯҳ бозиданд, ва ҳамчунин хидматгузорони мардумӣ (мӯкибҳо), ки бо меҳру муҳаббат фарҳанги меҳмондории эронии исломиро ба зеботарин шакл нишон доданд, аз самими қалб ташаккур намоям.

Инчунин, аз ҳамаи кормандон, бахусус волиён (губернаторон) ва раисони 18 кумитаи Ситоди марказии Арбаин, ки бо барномарезиҳои дақиқ ва заҳматҳои шабонарӯзӣ барои баргузории ин ҳамоиши ҷовидона заҳмат кашиданд, сипоси амиқи худро изҳор медорам.

Ба расонаҳо, махсусан расонаи миллии Эрон, низ миннатдории самимӣ дорам.

Нигоҳи мо ба Арбаин як нигоҳи ҷаҳонӣ аст ва ифтихор мекунем, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонист шароитро барои убури зоирони кишварҳои ҳамсоя ба сӯи Карбалои муъаззам муҳайё созад, то ҳамаи ошиқони Аҳли байт (а) битавонанд аз ин баҳри раҳмат баҳраманд гарданд.

Меҳмондории шоистаи миллати ва давлати Ироқ, маънои «Муҳаббати Ҳусайн моро ҷамъ мекунад»-ро ба таври комил ва воқеӣ амалӣ кард.

Умед дорем, ки ин ҳамоиши бузурги умумиҷаҳонӣ ҳар сол бо барномарезиҳои беҳтар, шукӯҳмандтар аз гузашта баргузор гардад».**

4300246

captcha