IQNA

Гузаронидани тарҳи “Қуръонхонӣ аз тарафи ҳофизон дар як рӯз” дар Миср

15:43 - August 26, 2025
рақами хабар: 3776
Донишгоҳи Ал-Азҳар таҳти назорати Шайх Аҳмад Тайиб Шайхи Ал-Азҳар, як иқдоми навро бо номи “Қуръонхонӣ аз тарафи ҳофизон дар як рӯз” роҳандозӣ кардааст.

Ба гузориши ИҚНО ва ба нақл аз сомонаи Newsroom, доктор Салама Ҷумъа Довуд, раиси донишгоҳи Ал-Азҳар, хабар дод, ки ин тарҳ ба ҳофизони Қуръон, ки аз факултетҳои гуногуни ин донишгоҳанд, бахшида шудааст.

Ин иқдом дар чорчӯби дастурҳои Аҳмад Тайиб, бо ҳимояти Муҳаммад Зувайнӣ (муовини Ал-Азҳар) ва пайгирии Шайх Айман Абдулғанӣ (раиси бахши муассисаҳои Ал-Азҳар) ба роҳ монда шудааст.

Ин тарҳ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки Қуръонеро, ки азёд кардаанд, дар назди як гурӯҳи интихобшудаи ҳофизони пуртаҷрибаи Қуръон, аз идораи кулли умури Қуръон дар бахши муассисаҳои Ал-Азҳар, тиловат кунанд.

Ҳадаф аз ин иқдом, таҳкими рисолати илмии Ал-Азҳар дар хидмат ба Қуръон, ташвиқи насли нав ба устувор мондан бар илми Қуръонӣ ва бехтар кардани қироати Қуръон аст.

Ин чорабинӣ дар ростои таъаҳҳуд ва вафодории Ал-Азҳар ба Қуръони Карим гузаронида мешавад ва талош мекунад, ки наслҳои имрӯз бо мероси илмию қуръонии гузаштагон пайванд дошта бошанд.

Аз тарафи дигар, генерал Холид Шуайб, волии вилояти Матруҳ (дар Миср), аз талошҳои Ал-Азҳар — чӣ дар сатҳи масҷид ва чӣ донишгоҳ — таҳти роҳбарии Шайх Аҳмад Тайиб ва доктор Салама Ҷумъа Довуд, дар пуштибонӣ аз рушди ҳамаҷонибаи Миср, изҳори қадрдонӣ кард.

Волии Матруҳ, махсусан барои таъсиси донишкадаи духтаронаи Ал-Азҳар дар шаҳри Матруҳ, ки ба духтарони минтақа хизмат мекунад ва зарурати сафар ба шаҳрҳои дигарро кам мекунад, аз донишгоҳ изҳори сипос кард.

Ӯ инчунин аз ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии илмӣ байни Донишгоҳи Ал-Азҳар ва Донишгоҳи Матруҳ хушҳолӣ баён кард, ки ин ҳамкорӣ ба табодули таҷриба ва беҳбуд бахшидани низоми таҳсилоти олӣ дар вилоят мусоидат мекунад.

Волии Матруҳ таъкид кард, ки аз ҳар навъ кӯшише, ки дар хизмати ҷавонон — писару духтар — ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои таълимӣ ва пажӯҳишӣ бошад, истиқбол мекунад, зеро ҳамаи ин дар самти рушди ҳамаҷонибаи вилоят ва дастгирии ҳадафҳои 2030 Миср анҷом мешавад.

4301403

captcha