IQNA

Кушодашавии намоишгоҳ ва осорхонаи байналмилалии зиндагии Паёмбари Акрам (с) дар Макка

12:46 - August 28, 2025
рақами хабар: 3785
Имрӯз, 4-уми моҳи сентябр, намоишгоҳ ва осорхонаи байналмилалии Сирати Паёмбар (с) ва тамаддуни исломӣ дар бурҷҳои соатдори шаҳри Макка бо ҳузури шаҳзода Саъуд ибни Машъал ибни Абдулазиз, муовини волии минтақаи Макка, расман ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши Иқно, ба нақл аз хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ, ин намоишгоҳ ва осорхона бо ҳамкории Иттиҳоди ҷаҳонии Исломӣ ва Комиссияи шоҳии Макка ва манотиқи муқаддас ташкил шудааст.

Дар дохили осорхона гӯшае бо номи «Паёмбар (с) мисли он ки бо ӯ ҳастед» ҷойгир аст, ки манзараҳои шаҳри Макка, Мадина ва роҳи ҳиҷрати Паёмбар (с)-ро ба шакли равшан ба намоиш мегузорад.

Ҳамчунин, дар осорхона панорамаи ҳуҷраи мубораки Паёмбар (с) ва бахше бо мавзӯи тибби исломӣ (табобати Паёмбар (с)) низ ҳаст, ки барои меҳмонон маълумоти ҷолиб ва омӯзанда медиҳад.

Дар ҳамин чорабинӣ як платформаи рақамии нав бо номи «Итиҳоф» низ муаррифӣ шуд. Ин платформа дорои китобхона ва донишномаи илмии бузург аст, ки бо забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ тарҷума шудааст. Ҳадаф аз он — таблиғ ва муаррифии зиндагии Паёмбар (с) бо усули замонавӣ ва инноватсионӣ мебошад.

Инчунин, муовини волии Макка аз як намоишгоҳи доимӣ низ дидан кард, ки он ба шиносонидани хидматҳои Арабистони Саудӣ дар хизмати Ҳаромайн (Макка ва Мадина), Қуръони Карим ва суннати Паёмбар (с) бахшида шудааст.

4301944

captcha