Ба нақли ИҚНО аз Нун Пост, Ранда Атоя дар як гузориш менависад:
Арабистони Саудӣ ба ҳифз ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва дастнависҳои қадимӣ аҳамияти зиёд медиҳад, зеро ин осор арзиши бузурги фарҳангӣ доранд ва таърихи ин сарзаминро ҳифз мекунанд.
Аз тарафи дигар, дастнависҳои қадимӣ ҷойгоҳи тамаддунии ин кишварро дар минтақа тақвият мебахшанд.
Дар ду даҳсолаи ахир, пойтахти Арабистон — Риёз, дар ҷамъоварии дастнависҳо аз гӯшаҳои гуногуни дунё заҳмат кашидааст ва ба ин мақсад марказҳои махсус барои нигоҳдорӣ ва бойгонӣ таъсис додааст.
Баъзе аз ин марказҳо:
Китобхонаи миллӣ ба номи Малик Фаҳд
Китобхонаи Малик Абдулазиз
Маркази таҳқиқот ва мутолиоти Малик Файсал
Маркази миллӣ оид ба санадҳо ва дастнависҳо
Дар ин гузориш, ба таври муфассал, кӯшишҳои Арабистон дар ба даст овардани дастнависҳои қадимӣ, роҳҳои ҳифз ва нигоҳдории онҳо ва инчунин муҳтавои ганҷинаҳои ин кишвар баррасӣ мешаванд.
Абдулкарим ибни Абдурахмон Ал-Зайд, муаллим ва муовини мудири китобхонаи умумии Малик Абдулазиз дар Риёз, дар як таҳқиқот менависад, ки:
“Кишвари мо зиёда аз 27 дарсади тамоми дастнависҳои аслии исломӣ ва арабиро, ки дар кишварҳои арабӣ ҳастанд, дар ихтиёр дорад.”
Ин таҳқиқот нишон медиҳад, ки китобхонаҳои бузурги Саудӣ бахшҳои махсус барои ҳифзи дастнависҳо таъсис додаанд. Ҳамчунин, коргоҳҳое бо истифода аз технологияҳои навтарин барои таъмиру нигоҳдорӣ амал мекунанд.
Барои донишҷӯёну муҳаққиқон низ барномаҳои омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ роҳандозӣ шудаанд, то онҳоро барои таҳқиқи илмӣ дар ин соҳаи муҳим ташвиқ кунанд.
Китобхонаи миллии Малик Фаҳд дар шаҳри Риёз, яке аз қадимтарин ва мӯътабартарин марказҳои фарҳангӣ дар кишвар маҳсуб мешавад.
Ин китобхона дорои:
80,000 нусхаи дастнавис аст,
ки 6,000 нусхаи аслиро дар бар мегирад
ва 74,000 нусхаи аксбардорӣ (фотокопӣ) ва бойгонишуда дорад.
Ҳар сол дар ин китобхона дигаргуниҳои ҷиддӣ рух медиҳанд, ки онро ба яке аз маъруфтарин китобхонаҳои минтақа табдил додааст.
Шоҳони Арабистон таваҷҷуҳи зиёд ба ин китобхона доштанд ва барои рушди он кӯмакҳо ва тӯҳфаҳо пешниҳод мекарданд.
Бо гузашти солҳо, новобаста аз он ки китобхонаҳои дигар шояд аз лиҳози фазо калонтар бошанд, Китобхонаи Малик Фаҳд ҳамчун китобхонаи модар (умда) дар кишвар шинохта шуд.
Ин китобхона масъули ҳифз ва нигаҳдории мероси миллии Саудӣ ва дар маҷмӯъ мероси исломиву арабӣ аст.
4287192