IQNA

Ихвонулмуслимин ҳамлаи террористии Исроилро дар Яман шадидан маҳкум кард

10:56 - September 01, 2025
рақами хабар: 3799
Ташкилоти Ихвонулмуслимин бо нашри як баёния, ҳамлаи хиёнаткори Исроилро, ки мақомоти давлати Яманро дар шаҳри Санъо ҳадаф қарор додааст, шадидан маҳкум намуда, онро як ҷинояти даҳшатовар номид.

Ихвонулмуслимин ҳамлаи террористии Исроилро дар Яман шадидан маҳкум кардДар баёния таъкид шудааст, ки:

«Душмани саҳюнистӣ дар минтақа бидуни фарқгузорӣ аз рӯи дин, мазҳаб ё нажод, бо зӯргӯӣ ва таҷовузи васеъ амал мекунад».

Ихвонулмуслимин гуфтааст:

«Ҳар касе ки аз Ғазза пуштибонӣ кардааст ва дар паҳлӯи он истодааст, ҳамеша қарздор ва сипосгузори миллати мост».

Ин гурӯҳ аз Худованд барои шаҳидоне, ки дар Яман, Сурия ва Лубнон ба хотири дифоъ аз Ғазза ва муқовимат дар майдони ифтихор ҷони худро қурбон карданд, раҳмати илоҳӣ талаб кард.

Дар поёни баёния, Ихвонулмуслимин аз ҳукуматҳо, мардум, аҳзоби сиёсӣ, фикрӣ ва қавмӣ даъват мекунад, ки:

«Бояд ҳама муттаҳид шаванд, ихтилофҳои дохилиро канор гузоранд ва бо як ҳадафи ягона – яъне манъ кардани таҷовузи Исроил ва водор кардани он ба қатъи ҷанги вайронгаре, ки алайҳи Ғазза ва мардуми сабур ва муқовими он оғоз кардааст – якҷо амал намоянд».

Ихвонулмуслимин дар поён таъкид мекунад, ки:

«Қазияи Фаластин то он вақте ки мардуми он ба озодӣ, шараф ва истиқлол даст наёбанд, ҳамчунон қазияи асосии миллатҳои исломӣ мемонад ва бояд сабаби ваҳдат ва муттаҳидии онҳо гардад».

Дар ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ ба шаҳри Санъо рӯзи панҷшанбе, 6-уми Шаҳривар , Аҳмад Ғолиб Насир ар-Раҳавӣ, нахуствазири ҳукумати "Тағйир ва Сохтмон", ҳамроҳ бо чанд вазири дигар шаҳид шуданд.

Ташкилоти Ансоруллоҳ эълон кардааст, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо, инчунин якчанд вазири дигар маҷруҳ шуданд – ҳолати баъзеи онҳо вазнин, баъзеи дигар миёна арзёбӣ мешавад ва айни ҳол зери назорат ва муолиҷа қарор доранд.

Дафтари нахуствазири Яман гуфтааст, ки душмани саҳюнистӣ, нахуствазир ва чанд вазирро дар ҷараёни як семинари давлатии омӯзишӣ ҳадаф қарор додааст.

Маҳдӣ Машшат, сиёсатмадор ва фармондеҳи низомии яманӣ ва раиси Шӯрои Олии Сиёсии Яман, баъд аз шаҳодати нахуствазир паёми видеоие пахш кард ва гуфт:

«Ин фоҷиа дили моро реш кард, аммо мо интиқом хоҳем гирифт ва аз захмҳоямон пирӯзӣ хоҳем сохт».

4302518

captcha