Шайх Аҳмад Исо ал-Масъарови, аз уламо ва коршиносони маъруфи илми қироати Қуръон ва устоди донишгоҳи ал-Азҳар, пас аз ҳашт соли заҳмат дар кишвари Малайзия, лоиҳаи бесобиқае бо номи «Мусҳафи Уммат»-ро ба анҷом расонд.
Ин лоиҳа иборат аз забти пурраи Қуръони карим бо даҳ қироати маъруф, бо як овоз ва як қорӣ, мебошад.
Шайх ал-Масъарови, ки қаблан дар Покистон таҷрибаи монанд дошт, ин бор бо ҳамкории Бунёди Расту дар Малайзия тавонист ин корро ба сурати комил анҷом диҳад.
Ҳадафи аслии ин лоиҳа — фароҳам кардани дастрасии рақамӣ ва чопӣ ба нусхаҳои Қуръон бо қироатҳои гуногун барои донишҷӯён ва алоқамандон ба илмҳои Қуръонӣ, хусусан дар минтақаи Осиё мебошад.
Шайх таъкид мекунад:
«Қироатҳои Қуръонӣ бисёр гуногунанд, вале танҳо гурӯҳи каме аз мусалмонони ҷаҳон бо ҳамаи онҳо ошно ҳастанд.»
Дар ин лоиҳа, қироатҳои маъруф монанди Ҳафс, Варш, Қолун, Дурӣ, ва ҳатто қироатҳои камистифодаи дигар низ шомил шудаанд.
Шайх ал-Масъарови таъкид мекунад, ки зебоии хаттии Қуръон чизест, ки бо ҳеҷ як технология иваз намешавад. Барои ҳамин, хаттотони маъруф, аз ҷумла Абдулбоқӣ, дар навишти ин мусҳаф нақши муҳим доштанд.
Лоиҳаи «Мусҳафи Уммат» на танҳо ба шакли чопӣ омода шудааст, балки файлҳои садоии тиловати Қуръон бо қироатҳои гуногун низ омода шуда, дар барномаҳои мобилӣ ва электронӣ барои мардум дастрас хоҳанд буд.
4302893