Ба нақл аз САНА, гуфта мешавад, ки Мусҳафи Шом бузургтарин Қуръони хаттӣ дар ҷаҳон мебошад, ки пас аз 20 соли кори пайваста, бо дақиқии илмӣ ва услуби беназири санъатии хаттотӣ, навишта шудааст.
Ин тарҳро Муҳаммад Муътаз Убайд, бо ҳамкорӣ ва ширкат кардани 62 хаттоти маъруф аз 17 кишвар, иҷро намудааст. Бори аввал ин мусҳаф дар доираи 62-умин намоишгоҳи байналмилалии Димишқ, ки як рӯйдоди фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар Сурия аст, дар рӯзҳои 28 то 31 августи соли 2024 (6–9 сентябр) ба мардум муаррифӣ карда шуд.
Идеяи ин тарҳ ба соли 2005 бармегардад, замоне ки Муътаз Убайд тасмим гирифт як Қуръони комилан вижа ва беназирро барои Сурия ва ҷаҳони ислом бо ҳадафи намоиш додани арзишҳои маънавӣ ва санъатӣ рӯйи коғаз оварад.
Оғози амалии лоиҳа
Қисмати амалии ин лоиҳа дар “Хони Асъад Пошшо” дар Димишқи қадим оғоз ёфт — ҷое, ки хаттотон аз саросари дунё ҷамъ омаданд, то дар як фазои зиндаи намоишгоҳӣ тамоми Қуръонро нависанд.
Ба гуфтаи Муътаз Убайд, навишти тамоми Қуръон дар давоми як сол анҷом шуд ва саҳифаҳои аслии Мусҳафи Шом дар соли 2006 дар “Толори Арш” дар Қалъаи Ҳалаб ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ин тарҳ 17 кишвар ширкат доштанд:
Сурия, Арабистони Саудӣ, Туркия, Фаластин, Урдун, Кувайт, Иморот, Яман, Ҳолланд, Покистон, Банглодеш, Афғонистон, Миср, Ироқ, Судон, Либия ва Алҷазоир.
Ин иштирок ва ҳамкорӣ рамзи ваҳдати уммати исломӣ зери парчами Қуръон дониста мешавад.
Хусусиятҳои техникии Мусҳафи Шом:
Баландии ҳар саҳифа: 2,5 метр
Паҳно: 1 метр 55 сантиметр
Шумораи саҳифаҳои аслӣ: 125
Саҳифаҳои иловагӣ (замима): 9
Сатр дар ҳар саҳифа: 33
Ороиш ва тазҳиби исломии мусҳаф аз ҷониби Абдулкарими Дарвеш, як рассоми суриягӣ-олмонӣ, иҷро шудааст.
Дар соли 2024, ин Қуръон бо чарми сунъӣ, бо усулҳои замонавӣ ва технологияи пешрафта муҷаллад ва чоп шудааст.
Муҳаммад Муътаз Убайд ба хабаргузории САНА гуфтааст, ки Мусҳафи Шом паёми сулҳ ва муҳаббатро аз Сурия ба тамоми ҷаҳон мерасонад ва бо вуҷуди мушкилот, арзишҳои маънавӣ ва фарҳангиро зинда нигоҳ доштааст.
Вазорати авқофи Сурия дар назар дорад, ки нусхаи аввали мусҳафро дар Масҷиди Умавии Димишқ ҷой диҳад.
Ҳамчунин, ният доранд, нусхаҳои дигарро ба:
Масҷиди ҳаром (Каъба)
Масҷиди набавӣ (Мадина)
Масҷиди Ақсо (Фаластин)
фиристанд, бо ҳадафи тақвияти ваҳдати ҷаҳони ислом.
Аз солҳои 2006 то 2011, ин мусҳаф аз ҷониби улемои фиқҳ ва забоншиносон мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқи расмии Вазорати авқофи Сурия ва Шӯрои уламо-и он кишварро низ дарёфт кардааст.
Ҳамчунин, Вазорати авқофи Урдун дар соли 2012 ва Донишгоҳи Алазҳар дар соли 2022 онро расман тасдиқ намуданд.
Ин тарҳ барои сабт дар китоби рекордҳои Гиннес пешниҳод шудааст ва интизори сабти расмӣ бо рақами махсус мебошад.
4303165