IQNA

Намоиши Қуръон ба забонҳои гуногун дар Фестивали китоб дар Маскав

16:48 - September 06, 2025
рақами хабар: 3823
Вазорати умури исломӣ, таблиғот ва раҳнамоии Арабистони Саудӣ дар стенди кишвараш дар 38-умин Фестивали байналмилалии китоб дар Маскав 2025, тарҷумаҳои Қуръон ба забонҳои мухталифро барои тамошои умумӣ пешниҳод кардааст.

Ба гузориши ИҚНО бо такя ба агентии расмии Арабистони Саудӣ, ин стенд кӯшишҳои Арабистони Саудиро дар хидмати Қуръон ва нашри он дар сатҳи ҷаҳонӣ тавассути Маҷмаи чоп ва нашри Қуръони “Молик Фаҳд” дар Мадина муаррифӣ мекунад.

Ҳамчунин, боздидкунандагони фестивал бо нусхаҳои гуногуни Қуръон, ки аз ҷониби ин маҷмаа нашр шудааст, ошно мешаванд. Ин нусхаҳо дар андозаҳои мухталиф ва бо тарҷумаҳо ба зиёда аз 77 забони ҷаҳон пешниҳод шудаанд.

Намоиши марҳилаҳои чопи Қуръон ва истифодаи технологияи муосири чоп дар маҷмаи “Молик Фаҳд” бахши дигаре аз барномаҳои стенди Арабистони Саудӣ дар фестивал ба ҳисоб меравад.

Ин маҷмаа яке аз марказҳои муҳими исломии ҷаҳонӣ дар соҳаи чопи Қуръон аст, ки тавассути чоп ва тарҷума ба забонҳои гуногун, имкон медиҳад, мусалмонон ва ғайримусалмононе, ки арабӣ намедонанд, ба Қуръон дастрасӣ пайдо кунанд.

Гуфта мешавад, 38-умин Фестивали байналмилалии китоб дар Маскав ва 3-юмин Фестивали байналмилалии китоб барои кӯдакон ва наврасон соли 2025 бо ширкати беш аз 300 нашркунанда ва паҳнкунандаи китоб аз минтақаҳои гуногуни Русия ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Эрон, аз 12-уми Шаҳривар (3-юми сентябр) оғоз шуда, то 16-уми Шаҳривар (7-уми сентябр) идома дорад.

Меҳмони фахрии ин фестивал имсол Ҳинд мебошад ва стенди он мизбони зиёда аз 50 чорабинӣ аст, ки ба технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ ва гуногунии фарҳангии ин кишвар бахшида шудааст ва дар он беш аз 70 мутахассиси ҳиндӣ ва русӣ иштирок мекунанд.

4303450

captcha