Ба гузориши ИҚНО бо такя ба «marketing-interactive», нишондиҳандаи ҷаҳонии саёҳати мусалмонон (GMTI), ки соли 2025 аз ҷониби Мастеркарт муаррифӣ шудааст, равишҳои асосие, ки саёҳати ҳалолро муайян мекунанд, нишон медиҳад. Ин равишҳо дохил мешаванд: барномаҳои интеллектуалӣ ва сайёҳии барқарорсозанда, барномаҳои саёҳат бо тамаркуз бар варзиш ва афзоиши саёҳатҳои гурӯҳӣ барои занон.
Сингапур бо таъкид бар ҳамбастагии бисёрфарҳангӣ, хӯрокҳои бо шаҳодатномаи ҳалол ва таҷрибаҳои ҳассоси фарҳангӣ ҳамчун як макони пешсаф ва ғайри узви Созмони Ҳамкории Исломӣ эътироф мешавад.
Сайёҳони мусалмон беш аз пеш таҷрибаҳои беназир ва такроршавандаро ҷустуҷӯ мекунанд ва барои барномарезии саёҳатҳояшон мувофиқи дин ва тарзи зиндагии худ ба платформаҳои рақамӣ ва созандагони мундариҷа такя мекунанд.
Сингапур бо зиёда аз 3000 мағозаи хӯроки бо шаҳодатномаи ҳалол, масоҷиди бо дастрасии осон ва ҷозибаҳои монанди Universal Studios ва Paradise, ки масоҷиди махсус доранд, ин ниёзҳоро таъмин мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Малайзия бо инфраструктураи мустаҳками ҳалол, таҷрибаҳои фарогири фарҳангӣ ва дастрасии васеъ ба тарабхонаҳои ҳалол ва масоҷид, ҳанӯз ҳам яке аз маконҳои пешсафи сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ мебошад.
Сайёҳони мусалмон интизор доранд, ки маконҳои сайёҳӣ таҷрибаҳои муттасил ва мувофиқ ба эътиқоди онҳоро бо кӯмаки технологияҳо, аз қабили барномаҳои интеллектуалӣ пешниҳод кунанд.
Таҳқиқоти Мастеркарт низ равишҳои васеътареро ошкор кардааст, ки саёҳати ҳалолро дар саросари минтақа ташкил медиҳанд. Дар ин замина, сайёҳии варзишӣ, махсусан дар кишварҳои узви АСЕАН, афзоиш ёфта истодааст ва саёҳатҳои гурӯҳии махсус барои занон ҳамчун як бахши хурду дар айни замон рӯ ба рушд ба назар мерасанд.
4303568