IQNA

Даъвати Вазорати авқофи Миср барои хондани намози оят дар масҷидҳо

15:15 - September 07, 2025
рақами хабар: 3827
Вазорати авқофи Миср аз тамоми масҷидҳои ҷомеи ин кишвар хостааст, ки ба муносибати гирифтани моҳ дар шоми имрӯз (16-уми Шаҳривар), намози оят (намози хусуф) бихонанд.

Бино ба гузориши ИҚНО ба нақл аз «Садо-ул-Балад», ин вазоратхона эълон кардааст, ки ба хотири зинда нигоҳ доштани суннати Паёмбар (с), имрӯз дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеи Миср, намози хусуф хонда мешавад.

Вазорати авқоф таъкид кардааст, ки масҷидҳо дар тарвиҷ ва ривоҷи суннатҳои паёмбарӣ нақши муҳим доранд, ва ба ҳамин хотир ҳама идораҳои маҳаллии вобаста ба вазорат вазифадор шудаанд, ки намози оятро дар як вақт дар тамоми масҷидҳо баргузор кунанд.

Маркази ҷаҳонии фатвоҳои электронии Алазҳар низ хабар додааст, ки шоми якшанбе (имшаб), дар Миср ва якчанд кишвари дигар, моҳ гирифта мешавад, ва ин ҳодиса соати 19:27 оғоз шуда, то соати 22:56 идома мекунад.

Ин марказ таъкид кард:

«Намози оят як суннати муаккадаи Паёмбари Акрам (с) аст, ки вакте падидаҳои табиӣ мисли гирифтани офтоб ё моҳ рух медиҳанд, ё танҳо хонда мешавад ё бо ҷамоат.»

Ҳамчунин, марказ илова кард:

«Ин намоз ду ракаат аст, ва дар ривоятҳои гуногун аз хондани он аз тарафи Паёмбар (с) ёд шудааст.»

Бино ба эълони Пажӯҳишгоҳи геофизики Донишгоҳи Теҳрон, гирифтани моҳ рӯзи якшанбеи 16-уми Шаҳривар соли 1404 (7 сентябри 2025), соати 19:57 оғоз мешавад.

Ин ҳодисаи моҳгирӣ дар минтақаҳои зерин низ намоён хоҳад буд:

Осиё

Аврупо

Австралия

Африқо

Қисме аз ғарби Амрикои Шимолӣ

Қисматҳои шарқии Амрикои Ҷанубӣ

Уқёнуси Ором, Уқёнуси Атлантик, Уқёнуси Ҳинд

Қутби Шимол ва Қутби Ҷануб

Намози оят ҳамчунин дар масҷидҳои Иморот, Кувайт ва Арабистони Саудӣ низ хонда мешавад.

4303802

captcha