IQNA

Вебинари байналмилалии «15 қарн пайравӣ аз Расули нур ва раҳмат» дар ИҚНО баргузор мешавад

15:23 - September 07, 2025
рақами хабар: 3828
Вебинари байналмилалии "15 қарн пайравӣ аз Паёмбари нур ва раҳмат" бо ширкати уламову донишмандон аз ҳавза ва донишгоҳҳои кишварҳои мухталиф, дар хабаргузории байналмилалии Қуръон (ИҚНО) баргузор мешавад.

Бино ба гузориши ИҚНО, ин вебинар ба муносибати 1500-солагии мавлуди Паёмбари Ислом, Муҳаммади Мустафо (с), рӯзи сешанбе, 18-уми Шаҳривар, соати 13:00, баргузор мегардад.

Мавзӯъҳое, ки дар ин вебинар баррасӣ мешаванд, иборатанд аз:

Паёмбари Ислом (с) ва рисолати ҷаҳонии Ӯ аз дидгоҳи Қуръон ва аҳодис

Раводорӣ, таҳаммул ва муросо дар сираи Набавӣ

Паёмбари Акрам (с) ҳамчун намунаи некии ҳама давру замонҳо

Сираи Паёмбар (с) ва шинохти дубораи ҳувияти динӣ

Ҷовидонагии Ислом ва уммати воҳид дар баробари идеяи ҷаҳонишавии ғарбӣ

Меҳмонон ва суханварони вебинар:

Ин вебинар бо ҳузури Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Ҳусейн Ҳодимиёни Нӯшободӣ, устоди ҳавза ва донишгоҳ, ҳамчун меҳмони студияи Мубини ИҚНО, баргузор мешавад.

Дар бахши онлайни вебинар, гурӯҳе аз уламову донишмандон аз кишварҳои гуногун, маърӯза хоҳанд кард:

Оятуллоҳ Шайх Муҳаммад Яъқубӣ – аз мароҷиъи тақлиди Наҷаф

Доктор Хуан Кол (Juan Cole) – профессори таърих дар Донишгоҳи Мичиган ва муаллифи китоби Муҳаммад: Паёмбари сулҳ дар миёни низои империяҳо

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Яҳё Ҷаҳонгирӣ – устоди ҳавза ва раиси намояндагии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар Қум

Доктор Абдуссалом Қавӣ – профессори Донишгоҳи Алазҳари Миср

Шайх Юсуф Ғозӣ Ҳанина, раиси Иттиҳоди уламои мусулмони Лубнон

Чӣ гуна метавон вебинарро тамошо кард?

Ин вебинар ба таври онлайн ва мустақим аз сомонаи «Аппарат» дар ин нишонӣ пахш мешавад:

👉 www.aparat.com/iqnanews/live

Ҳамчунин, мӯҳтавои суханрониҳо бо зернависи форсӣ пас аз анҷоми барнома, дар сайти ИҚНО гузошта мешавад.

4303013

captcha