Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз хабаргузории "Барнома", мусалмонони иёлати Кедоҳ метавонанд дар чаҳорчӯби барномаи "MADANI Rakyat Program (PMR)", бо супоридани нусхаҳои фарсудаи Қуръон, як нусхаи нави Қуръони мӯҳрдор аз ҷониби вазоратро ба таври ройгон дастрас намоянд.
Ҳамида Аҳмад, муовини иҷроияи бахши назорат ва татбиқи Вазорати кишварии Малайзия гуфт:
“Ин барнома ба мардум имконият медиҳад, ки Қуръонҳои кӯҳнашуда ё осебдидаро бо нусхаҳои нави тасдиқшуда аз ҷониби вазорат бидуни ягон пардохт иваз кунанд.”
Вай афзуд, ки истиқболи мардум аз намоишгоҳи Қуръони Кедоҳ хеле хуб будааст ва то ҳол тақрибан 200 нусхаи нави Қуръон ба боздидкунандагон супорида шудааст.
Аҳмад дар рӯзи дуюми намоишгоҳи се-рӯзаи Қуръони Кедоҳ-2025, ки аз 4 то 6 сентябр (мувофиқан 14 то 16 Шаҳривар) дар Маҷмаи варзишии Шӯрои маҳаллии Балинг баргузор мешавад, гуфт:
“То ҳол зиёда аз 500 нусхаи кӯҳна ва фарсудаи Қуръон аз ҷониби мардум ҷамъоварӣ шудааст. Ин нусхаҳои осебдида, **бар асоси протоколҳои муайян, маҳв (нобуд) карда мешаванд.”
Муҳаммад Юсуф Муҳаммад Муҳйиддин, яке аз боздидкунандагони қитъаи Вазорати кишвар гуфт:
“Вазорат на фақат дар амали маҳви дурусти Қуръонҳои кӯҳна кӯмак мекунад, балки маълумот дар бораи китобҳо ва нашрияҳое, ки дорои мундариҷаи носаҳеҳ ва гумроҳкунанда мебошанд, низ пешниҳод менамояд.”
Вай илова кард:
“Маълумоте, ки дар ин қитъа ба ман дода шуд, маро аз мавҷудияти баъзе нашрияҳои таҳқиромез, ки мазмунҳои нодуруст ва хатарнок дар бораи Ислом паҳн мекунанд, огоҳ сохт.”
4303787