Ба гуфтаи расонаҳо, чанде пеш Оятуллоҳи Хоманаӣ дар ҷавоб ба як пурсиш ба мӯъминон иҷозат доданд, ки бахше аз хумсро барои кӯмак ба мардуми Ғазза бидиҳанд.
Дар сомонаи KHAMENEI.IR саволу ҷавоби мазкур чунин нашр шудааст:
Савол: Оё иҷозат медиҳед, ки як қисми хумс ба мардуми мазлуми Ғазза дода шавад?
Ҷавоб: Мӯъминон метавонанд нисфи ҳиссаи Мубораки Имом (яъне чоряк ҳиссаи хумс)-ро барои кӯмак ба мардуми мазлуми Ғазза диҳанд.
4304234