IQNA

Хаттоти фаластинӣ ва китобати Қуръон дар масҷиди Ақсо

12:46 - September 10, 2025
рақами хабар: 3843
Адиб Тоҳа, яке аз хаттотони маъруфи Фаластин аст, ки дар корномаи ҳунарии худ, корҳои арзишманде аз ҷумла навиштани Қуръон дар дохили масҷиди Ақсо-ро сабт кардааст.

Ба гузориши манбаъҳо, Адиб Тоҳа сокини Байтулмуқаддас аст ва яке аз муҳимтарин корҳояш китобати оятҳои аввали сураи Исро бо хати қадимаи андалусӣ мебошад, ки онро дар дохили мақоми Арбаин, воқеъ дар қисмати шарқии намозгоҳи «Қиблӣ» (дар масҷиди Ақсо) анҷом додааст.

Хабарнигори «Алҷазира» бо ӯ дар як утоқи хурд, ки дар он ҷо асбобҳои хаттотӣ ва китобати Қуръон нигоҳ дошта мешаванд, сӯҳбат кардааст, то роҷеъ ба роҳи ҳунарии ӯ дар соҳаи хаттоти исломӣ ва китобати Қуръон бо хати девонӣ маълумот гирад.

Адиб Тоҳа мегӯяд: «Фаъолиятҳои аввалини ман дар соҳаи хаттотӣ аз Байтулмуқаддас оғоз шуданд. Пас аз хатми мактаби исломии «Дорул Аятом», ки дар он ҷо чоп ва бастабандии китобҳоро омӯхтам, ба хаттотӣ рӯ овардам.»

Ӯ мегӯяд, омӯзиши хаттотиро дар хона/маркази хатти арабӣ дар Байтулмуқаддас идома додааст, ки ҳамин чиз оғози ҷиддии роҳаш дар ҳунари хаттоти исломӣ шуд.

Тоҳа бо ишора ба муҳимтарин осораш гуфт: «Яке аз беҳтарин корҳоям ин аст, ки оятҳои аввали сураи Исро-ро бо хати кӯҳнаи андалусӣ дар дохили “мақоми Арбаин” навиштаам, ки дар тарафи шарқии масҷиди Қиблӣ ҷойгир аст.»

Ин хаттоти фаластинӣ бо истифода аз ҳамин хати андалусӣ ва услуби хоси худ, матнҳои Қуръонӣ ба масоҳати 21,5 метр навиштааст ва бо ҳаккокӣ (гравировка)-и оятҳо дар масҷидҳои мухталифи Байтулмуқаддас ва манотиқи атрофи он — аз ҷумла: Ҷабалулмуккабир, Сур Боҳир, Ар-Ром ва Абӯдис — ин маконҳоро бо ояндаҳои Қуръонӣ зеб додааст.

Ӯ, ки ба таври нодир ба китобати Қуръон бо хати девонӣ пардохтааст, мегӯяд: «Ин корро соли 2017 оғоз кардам ва то ҳол даҳ ҷузъи Қуръон-ро бо ҳамин хати душвор китобат кардаам.»

Адиб Тоҳа таъкид мекунад: «Интихоби хати девонӣ барои китобати Қуръон, бо вуҷуди душвории зиёд, як чолиши ҷиддӣ барои ман буд ва маҳз ҳамин душворӣ боис шудааст, ки ин кор оҳиста пеш равад.»

4304019

captcha