IQNA

Имоми Хумайнӣ (р) нуқтаи ваҳдати мазҳабҳо буд

13:59 - September 11, 2025
рақами хабар: 3849
Устоди ҳавзаи исломии бонувони Лубнон гуфт: Имом Хумайнӣ (р) нуқтаи ваҳдати мазҳабҳои исломӣ буд ва гуфтор ва андешаи “тақриб”, ки имрӯз ҳам тавассути Раҳбари муаззами инқилоб идома дорад, дар саросари ҷаҳон пазируфта шудааст.

Ба гузориши хабарнигори ИҚНО, Таъғирид Муҳаммад Ҷунӣ, устоди улуми исломии бонувон аз кишвари Лубнон, рӯзи чоршанбе, 19-уми Шаҳривар (мутобиқ ба тақвими ҳиҷрӣ) — дар ҷамъомади даҳҳо зан аз кишварҳои Ироқ, Лубнон, Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Аморот ва Умон, ки ба муносибати зодрӯзи Паёмбари гиромии Ислом (с) ва Имоми Ҷаъфари Содиқ (а) дар Равоқи Дорурраҳма, бо даъвати Идораи зоирони ғайриэронии Остани Қудси Разавӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ кард.

Ӯ гуфт:
Имрӯз мебинем, ки ба баракати ҳамин андешаи ваҳдат, ҷунбиши муқовимат дар ҷаҳон бар зидди саҳюнистҳо устувор мондааст.

Вай илова кард:
Онҳое, ки қаблан гапи ваҳдатро қабул намекарданд, имрӯз худ ба пуштибонии муқовимат баромадаанд. Ин ҳамон мева ва натиҷаи гуфторест, ки Имоми бузургвор оғоз кард ва имрӯз самар додааст.

Ин устоди динии лубнонӣ бо қироати чанд оят аз сураи Саф, ба мақоми баланди Имоми Хумайнӣ (р) дар раҳнамоии миллатҳои исломӣ ишора кард ва гуфт:
Имом бо далерӣ ва ақлу фаҳм, парчами Ислом ва Худоро барафрохт ва муқобили истикбор (таҳқиргарон ва зӯргӯён) қомат рост кард.

Ҳамчунин хонум Тағирид Муҳаммад Ҷунӣ ба ояти 45 сураи Аҳзоб ишора карда гуфт:
Худованд Паёмбари Акрам (с)-ро ҳамчун “шоҳид, муждадиҳанда ва тарсонанда” фиристод.
Яъне:

Шоҳид – яъне шоҳиди аъмоли уммат аст.

Мубашшир – муждадиҳандаи биҳишт.

Назир – тарсонандаи азоб ва дӯзах.

Ӯ гуфт:
Паёмбари хотам (с) бо тамоми ахлоқи нек, ба ҷомеае фиристода шуд, ки пур аз ҷоҳилӣ ва зулмат буд;
ҷомеае, ки духтаронро зинда ба гӯр мекарданд ва бутпарастӣ мекарданд.
Паёмбар барои он омад, ки мардумро аз он торикӣ ба рӯшноии Худо раҳнамоӣ кунад.

4304420

captcha