Ба гузориши Маркази иттилоотии Фаластин, гурӯҳе аз фаъолони сулҳ — аз кишварҳои арабӣ ва Ҳолланд — бо баргузории ҷамъомаде дар истгоҳи метрои Амстердам, ҷиноятҳои Исроил дар Ғаззаро маҳкум карданд.
Ин ҷамъомади эътирозӣ бо як намоишгоҳи хомӯш ҳамроҳ буд, ки дар он тасовир ва манзараҳои фоҷеабори қатл, бомбаборон ва ҳамлаҳои артиши ишғолгар ба ғайринизомиёни бегуноҳ ба намоиш гузошта шудаанд.
Қисме аз намоишгоҳ ҳам ба вазъи гуруснагии мардум ва ҷиноятҳои наслкушии Исроил бахшида шудааст.
Эътирозгарон дар ин ҳаракат шиорҳое ба тарафдории озодии Фаластин сар доданд ва талаб карданд, ки ҳукумати Ҳолланд пуштибониашро аз режими саҳюнистӣ қатъ кунад.
Пойтахти Ҳолланд ва дигар шаҳрҳои он дар моҳҳои охир чандин маротиба шоҳиди тазоҳурот ва ҷамъомадҳои зидди ҷанг буданд — тазоҳуроте ки иштирокчиёни он талаб доранд ҷанг қатъ шавад, муҳосираи ғайриқонунии Ғазза бардошта шавад, ва давлат иқдомоти ҷиддӣ анҷом диҳад — аз ҷумла, қатъи равобит бо Исроил.
Ин эътирозҳо дар ҳоле идома доранд, ки як рӯз пас аз истеъфои вазири корҳои хориҷии Ҳолланд, тамоми вазирони ҳизби «Аҳдномаи нави иҷтимоӣ» низ аз ҳукумати муваққат канорагирӣ карданд — иқдоме, ки нишонаи эътироз ба нотавонии давлат дар таҳрим кардани режими саҳюнистӣ мебошад.
4304573