IQNA

Нусхаҳои хаттии Тимбукту – ганҷинаи ниҳонӣ, наҷотёфта аз дасти ишғолгарони фаронсавӣ

21:55 - September 13, 2025
рақами хабар: 3862
Тақрибан 400 ҳазор нусхаи хаттӣ аз садҳо муаллиф дар бораи улуми Қуръонӣ, риёзӣ, нуҷум ва ситорашиносӣ дар Тимбукту ёфт шудаанд, ки як бахши муҳими мероси хаттии инсоният, инчунин мероси арабӣ ва исломӣ ба шумор мераванд.

Бино ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз “Арабӣ Пост”, султон Сонгай – Аскияи Муҳаммад, ки бо номи Аскиёи Кабир маъруф аст, дар охири асри 15 дар соҳили ғарбии Африқо подшоҳи салтанати исломии Сонгай буд. Ин минтақа аз ободтарин сарзаминҳои исломӣ дар таърих ҳисоб мешуд.

Аз ӯ як нақли қавл ҳаст, ки мегӯяд:

«Вақте барои дифоъ бояд барои ҳама баробар ҷудо шавад. Гувоҳӣ фақат аз одамоне қабул шавад, ки ахлоқашон поку беайб бошад. Қозии назди подшоҳ на пеш аз муҳокима ва на баъд аз он ҳақ надорад ришва бигирад. Ҳадя гирифтан аз тарафи даъвогар низ номақбул аст.»

Ин гуфтаҳо дар яке аз нусхаҳои хаттии Тимбукту оварда шудааст. Дар баробари он, тақрибан 400 ҳазор нусха дар бораи илмҳои гуногун гирд оварда шудаанд, ки арзиши таърихӣ ва илмии хеле бузург доранд.

Агар заҳмату фидокории мардумони Тимбукту намебуд, ки дар даврони ишғоли Фаронса ва ҳамчунин дар солҳои баъдӣ ин санадҳоро аз нобудӣ нигоҳ доштанд, ин ганҷинаҳои хаттӣ ба дасти ЮНЕСКО намерасид ва имрӯз дар донишгоҳҳои Аврупо мавриди таҳқиқ қарор намегирифтанд.

Тимбукту дар масири роҳи қадимаи тиҷоратӣ ҷойгир буд, ки аз он намак аз Африқои шимолӣ бо тилло ва ғулом аз кишварҳои ҷануби Саҳро иваз мешуд. Бино ба ривоятҳо, номи "Тимбукту" маънояш "чоҳи Букту" аст – Букту номи як зан аз қавми Туарег буд ва ин макон ба исми ӯ номгузорӣ шудааст.

Ин макон вақте истгоҳе барои қабилаҳои кӯчии Туарег буд, ки дар фаслҳои тобистону зимистон аз онҷо убур мекарданд.

Ҳамроҳ бо шаҳрҳои Валата ва Шанқит дар Мавритания, Тимбукту дар замоне ки корвонҳо пур аз хурмо, намак, матоъ, китоб, тилло, абрешим, парҳои шутурмурғ ва дигар молҳои саҳроӣ буданд, аз муҳимтарин пойтахтҳои исломӣ ва истгоҳҳои корвони Африқои Ғарбӣ ба шумор мерафт.

Дар асри 16, ин шаҳр ба як маркази бузурги исломӣ табдил ёфт, ки олимон, қозӣҳо ва муаллифон онҷо зиндагӣ мекарданд. Баъдан, ба як маркази равнақи тиҷорат, илм, маърифат ва тасаввуф табдил ёфт ва бо номи “Шаҳри 333 авлиё” машҳур шуд.

Дар замони ишғоли Фаронса, мардум ва шаҳри Тимбукту аз таҷовузу зулми сарбозони фаронсавӣ сахт ранҷ кашиданд. Фаронсиҳо на танҳо муқовимати мардумро саркӯб мекарданд, балки китобхонаҳо ва нусхаҳои хаттиро ғорат карданд, бисёри онҳоро ба китобхонаҳои Фаронса бурданд.

Ба сабаби ҳузури дарозмуддати Фаронса, аксар зиёиёни ин минтақа таҳсилашонро ба забони фаронсавӣ мегирифтанд ва арабиро намедонистанд. Аз ин сабаб, нусхаҳои хаттӣ камтар аз ҷониби мардум таҳсилдида эътибор мегирифтанд.

Бо вуҷуди ин, бархе хонаводаҳои маҳаллӣ то ҷое ки тавонистанд, ин нусхаҳоро аз фаронсавиҳо пинҳон карданд, то аз нобудӣ ва ғорат эмин бимонанд.

Дар даҳаҳои охир, Тимбукту дар байни сайёҳони Ғарб маъмул шуд, ҳарчанд ин маъруфият бештар натиҷаи таблиғоти туризмии Ғарб буд, ки шаҳрро ҳамчун “шаҳри аҷоибот” муаррифӣ мекарданд.

Дар соли 1990, ЮНЕСКО бо расмият шинохтани арзиши таърихиву меъмории Тимбукту, онро расман ба мероси ҷаҳонӣ дохил кард.

Дар соли 2003, лоиҳаи "Нусхаҳои хаттии Африқои Ҷанубӣ-Малӣ" ба таври расмӣ оғоз шуд ва дар соли 2009, як бинои нави китобхона дар Тимбукту ифтитоҳ ёфт, то нусхаҳои хаттӣ ба таври дуруст ҳифз ва бойгонӣ шаванд.

Ширкати Google беш аз 40 ҳазор нусхаи хаттиро рақамӣ (диҷитал) карда бойгонӣ намудааст. Аммо нусхаҳои аслӣ ҳанӯз як ганҷинаи бебаҳо ҳастанд.

Баъзе нусхаҳои хаттии Тимбукту бо тилло навишта шудаанд, мисли нусхаҳои мавҷуд дар китобхонаи Имом Суютӣ, ки яке аз муҳимтарин китобхонаҳои Тимбукту шумурда мешавад.

Ин китобхона нусхаҳои нодири хаттӣ, аз ҷумла як Қуръони карим аз асри 16, ки бо тилло навишта шудааст, дар бар мегирад. Қадимтарин нусхаҳои он ба асри 12 милодӣ бармегарданд.

4281805

captcha