IQNA

Қатъномаи расмии СММ барои ташкили давлати мустақили Фаластин қабул шуд

21:59 - September 13, 2025
рақами хабар: 3863
Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешнависи қатъномае дар тарафдорӣ аз таъсиси давлати мустақили Фаластин-ро расман қабул кард.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз “Ал-Ҷазира”, Маҷмааи умумии СММ бо аксарияти қотеъ пешнависи қатъномае, ки аз ҷониби Фаронса ва Арабистони Саудӣ пешниҳод шуда буд, тасвиб кард. Ин қатънома Эъломияи Ню-Йорк дар бораи ҳалли сулҳомези масъалаи Фаластин ва ҳимоят аз роҳи ҳалли ду давлат (Фаластин ва Исроил) -ро тасдиқ мекунад.

Ин қатънома бо:

142 раъйи мувофиқ

12 раъйи мухолиф

ва 10 раъйи мумтанеъ (бетараф) қабул гардид.

Дар матни ин қатънома, ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ (Исроил) ба ғайринизомиён дар Ғазза, хароб кардани зерсохторҳои шаҳрвандӣ, муҳосира ва гуруснагӣ махкум карда шудааст.

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки:

Роҳи ҳалли ду кишвар (Исроил ва Фаластин) бояд бидуни ширкати Ҳамос, ки як гурӯҳи муқовимат ва соҳиби пуштибонии зиёди мардуми Ғазза аст, амалӣ карда шавад.

Ҷанг дар навори Ғазза бояд фавран поён ёбад.

Имрӯз раъйдиҳӣ пеш аз нишасти расмии Маҷмааи умумии СММ, ки қарор аст дар 22 сентябр дар Ню-Йорк бо раёсати муштараки Арабистони Саудӣ ва Фаронса баргузор шавад, сурат гирифт.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса, дар ҳамин нишаст ваъда додааст, ки Фаронса расман давлати Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт.

4304644

captcha