IQNA

Пешвози мусалмонони Русия аз маҳсулоти ҳалоли "Баракат"

16:17 - September 14, 2025
рақами хабар: 3865
"Баракат" номи шабакаи дӯкону мағозаҳоест, ки маҳсулоти гуногун ва лозимаву зарурии ҷомеаи мусалмонони Русияро ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам тариқи интернет пешниҳод мекунад.

Ба гузориши ИҚНО, иқтибос аз muslim.ru, нахустин мағозаи чаканаи “Баракат” моҳи марти соли 2016 аз ҷониби муфтӣ Шайх Равил Айнуддинов дар ҳавлии масҷиди ҷомеи Маскав ифтитоҳ шудааст.

Кушодашавии ин мағоза ба сабаби талаботи зиёди мусалмонон, намозгузорон ва инчунин меҳмонону сайёҳони зиёде, ки ба пойтахти Русия меоянд, сурат гирифт.

Имрӯз, дар баробари шӯъбаҳои воқеии худ, "Баракат" яке аз муосиртарин платформаҳои онлайн аст, ки фурӯши навъҳои гуногуни молу тӯҳфаҳои босифат ва барои мусалмонон заруриро таъмин мекунад. Дар сомонаи мағоза ҳамчунин имкони фармоиш додани китобҳо ва дуоҳои исломӣ ба забонҳои маъмул дар байни мусалмонони Русия вуҷуд дорад.

Намудҳои маҳсулоти “Баракат” беш аз 10 ҳазор номгӯро дар бар мегиранд, ки аз рамзу нишонаҳои исломӣ, ашёи рӯзгор, маҳсулоти нигоҳубини шахсӣ ва дигар лавозимоти ҳалол иборатанд. Ҳамаи ин молҳо дорои шаҳодатномаи "ҳалол" мебошанд ва барои мусалмонони саросари Русия имкон медиҳанд, ки ҳар вақт лозим шавад, молу маҳсулоти ҳалолро онлайн бихаранд.

Шабакаи мағозаҳои “Баракат” дар саросари Русия фаъолона рушд карда истодааст ва то имрӯз шӯъбаҳои зиёдеро дар шаҳрҳои гуногуни кишвар кушодааст.

Филиали асосии мағоза дар ҳавлии масҷиди ҷомеи Маскав ҷойгир аст. Барои хариди онлайн, метавонед ба сомонаи barakat-shop.ru даромада, аз маҳсулоти мавҷуда истифода баред.

4304926

Тегҳо: Русия
captcha