IQNA

Оғози номнависӣ дар мусобиқаи Қуръонии “Шайха Ҳинд” дар Иморот

16:29 - September 14, 2025
рақами хабар: 3867
Кумитаи баргузории мусобиқаҳои байналмилалии Қуръон “Ҷоизаи Дубай” хабар дод, ки сабти ном барои 26-умин даври мусобиқаи ҷумҳуриявии Қуръон бо номи “Шайха Ҳинд бинти Мактум” барои соли 2025 оғоз ёфтааст.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз Al-Khaleej, ин мусобиқа яке аз маъруфтарин ва муҳимтарин мусобиқаҳои Қуръонӣ дар дохили Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) ба ҳисоб меравад. Кумитаи мазкур, ки таҳти сарпарастии Идораи корҳои исломӣ ва фаъолиятҳои хайрияи шаҳри Дубай фаъолият мекунад, ҳар сол ин мусобиқаҳоро баргузор мекунад.

Сабти ном дар ин даври мусобиқа то охири моҳи сентябри соли 2025 идома меёбад ва хоҳишмандон метавонанд тавассути сомонаи расмии ҷоизаи Дубай ба суроғаи shq.quran.gov.ae
 сабти ном кунанд. Ин сабти ном ҳам ба таври инфиродӣ ва ҳам бо шиносоии расмии муассисаҳои боэътимоди қуръонӣ дар Иморот имконпазир аст.

Марҳилаи муқаддамотии мусобиқа моҳи октябри соли 2025 оғоз мешавад, ва шаҳрвандони Иморот ва ҳамчунин хориҷиҳои муқими он кишвар метавонанд иштирок кунанд.

Аҳмад Дарвиш Ал-Муҳайрӣ, мудири кулли Идораи корҳои исломӣ ва фаъолиятҳои хайрияи Дубай ва раиси ҳайати мудирони Ҷоизаи байналмилалии Қуръонии Дубай гуфт:

“Мусобиқаи Қуръонии Шайха Ҳинд як чароғи Қуръонӣ дар Иморот аст, ки дар боло бурдани мақоми давлат дар хидмат ба Қуръон ва шиносоии беҳтарин ҳофизони Китоби Муқаддас нақши муҳим мебозад.”

Вай илова кард, ки ин мусобиқа на танҳо динӣ, балки омӯзишӣ ва иҷтимоӣ низ ҳаст ва кӯмак мекунад, ки робитаи наслҳо бо Қуръон ва арзишҳои баланди Қуръонӣ қавитар гардад.

Мусобиқа дар бахшҳои зерин баргузор мешавад:

Ҳифзи тамоми Қуръон (30 ҷузъ)

Ҳифзи “Амма ҷузъ” (ҷузъи охир)

Ҳифзи 3 ҷузъ

Ҳифзи 5 ҷузъ

Ҳифзи 10 ҷузъ

Ҳифзи 20 ҷузъ

Шарти ширкат дар мусобиқа ин аст, ки довталаб қаблан дар бахше, ки мехоҳад ширкат кунад, то марҳилаи ниҳоӣ нарасида бошад.

4304755

captcha