IQNA

Кӯдаки фаластинӣ бо вуҷуди ҷанг дар Ғазза тамоми Қуръонро ҳифз кард

16:29 - September 14, 2025
рақами хабар: 3868
"Ал-Бароъ", як кӯдаки 12-солаи фаластинӣ аст, ки бо вуҷуди ҷанг, бомбаборон ва шароити сангини ҳаёт дар Навори Ғазза, тавонист тамоми Қуръони Каримро ҳифз кунад.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз Ал-Ватан, ин кӯдак дар миёни таркишҳои пайдарпай, садои ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва фармонҳои пайвастаи холӣ кардани манотиқи Ғазза, ки оромиро аз мардум рабудааст, ҳифзи Қуръонро ба итмом расонидааст.

Ҳисси шодӣ ва ифтихор бар ӯ ғолиб шуд, вақте ки дар шароите пур аз вайронӣ, қатлу куштор ва таҳдиди доимии ҳаёт, тавонист ин корномаи бузургро анҷом диҳад.

Падари Ал-Бароъ соли гузашта шаҳид шуда буд. Худи ӯ даҳҳо бор маҷбур шудааст хонаашро тарк кунад ва феълан дар шароите зиндагӣ мекунад, ки ҳатто аз одитарин шароити зиндагӣ маҳрум аст.

Ба гуфтаи аммакаш дар саҳифаи расмии Инстаграм, Ал-Бароъ инчунин писари аммааш – Аҳмад-ро аз даст додааст, ки ҳамсоли ӯ буд ва ҳарду бо ҳам дар ҳифзи Қуръон мусобиқа мекарданд.

Бароъ ба падараш ваъда дода буд, ки Қуръонро аз ёд мекунад – ва ӯ ваъдаи худро иҷро кард. Пас аз анҷоми ҳифз, оятҳои поёнии сураи "Бақара"-ро барои аммааш "Нур-ул-Ҳудо" тиловат кард, ки сол гузашта фарзандонашро аз даст дода буд.

Пас аз он, сураи "Фотеҳаро барои модараш – Ҳибатуллоҳ тиловат кард, ки аз шодию ифтихор барои фарзандаш ашк мерехт.

Пас аз нашри видеои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, истиқболи зиёд сурат гирифт ва истифодабарандагон бо эҳсоси баланди исломӣ ва инсонӣ, чунин навиштаанд:

«Худо ба воситаи ин ҳофизи Қуръон, ба уммати ислом хайр расонад. Ӯро сабаби шодӣ ва нур барои чашмони модараш гардонад ва беҳтарин ҳофизи китоби худаш кунад».

Баъзеҳо ҳам навиштанд:

«Эй мардуми Ғазза, шумо чӣ қадар поку мутаҳаррид ҳастед. Шумо намуна барои тамоми уммат ҳастед. Ал-Бароъ, Худо туро ҳифз кунад ва муваффақият диҳад.»

4304742

captcha