Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз ал-Манор, Али Зоҳир — масъули бахши иттилоотии Ҳизбуллоҳи Лубнон — тафсилоти маросими солгардро шарҳ дод.
Ӯ дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки шиори имсолаи ин маросим "Мо бар аҳде ки баста будем, ҳастем" хоҳад буд. Ин барномаҳо аз 25 сентябр то 12 октябр (3 то 20-уми моҳи меҳр) баргузор мешаванд.
Ба гуфтаи Зоҳир, рӯзи 25 сентябр, санги ар-Равше дар Бейрут аз соати 17:00 то 19:00 ба муносибати ёдбуди ин ду шаҳид бо тасвир ва чароғпардозии махсус рӯшан мешавад. Барномаҳои марбут ба баҳр ва соҳил низ дар ҳамон ҷо сурат мегиранд.
Ӯ илова кард, ки маросими асосӣ ва расмӣ дар як вақт дар назди оромгоҳи се котиби шаҳидшудаи Ҳизбуллоҳ баргузор мешавад ва дар он Шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳ, суханронӣ хоҳад кард.
Али Зоҳир ҳамчунин аз баргузории ҷамъомадҳои мардумӣ дар лаҳзаи шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ хабар дод ва гуфт, ки як раҳпаймоии умумимиллӣ дар тамоми минтақаҳои Лубнон дар ҳамон рӯз, ки ҳамчун рӯзи урӯҷи Сайидушшуҳадо маълум аст, доир мешавад.
Ӯ афзуд, ки нишастҳои Қуръонхонӣ бо ширкати қориёни байналмилалӣ, барафроштани акси шаҳидон дар шаҳри Наби Шит, шаби шеър бо иштирокчиёни шоирони муқовимат, ҳамоиши уламои исломӣ ва намоишгоҳи ҳунарҳои тасвирӣ (санъати тасвирӣ) аз дигар барномаҳои гиромидошти шаҳидон Насруллоҳ ва Сафйиддин хоҳанд буд.
4305473