Ӯ дар сӯҳбат бо хабаргузории ИҚНО, дар канори 39-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, ва дар ҳошияи таҷлили 1500-солагии мавлуди Паёмбари Акрам (с) гуфт:
«Мавлуди Паёмбари Акрам (с) худ як василаи муҳими баҳамоии мусулмонон аст ва ҳама уламо ва гурӯҳҳо ба ин мувофиқанд.»
Вай илова намуд:
«Бархурдорӣ аз неъмати мавлуди Паёмбар (с) сабаб шуд, ки ин уммат ба вуҷуд ояд ва то имрӯз роҳи худро идома диҳад. Акнун, ки 1500 сол аз таваллуди он бузургвор гузаштааст, бояд аз ин фурсат истифода барем, то ваҳдати калима (яъне иттиҳоди сухан ва амал) дар байни мусалмонон ба вуҷуд ояд.»
Олусӣ таъкид кард:
«Имрӯз уммати исломӣ бо хатарҳои бузург рӯбарӯст ва аз ҳар ҷониб таҳти ҳамла ва тавтиаҳои душманон қарор дорад. Масъалаи Ғазза ва Фаластин, беш аз ҳар вақти дигар, талаб мекунад, ки мусулмонон якҷоя ва муттаҳид бошанд. Аз ҳамин сабаб, ваҳдати исломӣ дигар як ихтиёр нест — балки як зарурат ва ниёзи фаврӣ аст.»
Вақте аз ӯ пурсиданд, ки "Чӣ гуна метавонем сираи Паёмбар (с)-ро дубора омӯзем ва онро дар зиндагии ҳаррӯза татбиқ кунем?", чунин посух дод:
«Сираи Паёмбар (с) як сираи инсонсоз аст. Паёмбари Акрам (с) фиристода шуд, то инсонро ба мақоми воқеии инсонии худ бирасонад. Аз ин рӯ, дар партави ин мавлуди муборак, уммати исломӣ бояд сираи набавиро аз нав мутолиа кунад, ва онро ҳамчун як намунаи комили инсоният ба тамоми миллатҳои дигар муаррифӣ намояд.»
4305036