IQNA

Оғози сабти ном барои мусобиқаи Қуръонии бонувон дар Урдун

16:05 - September 18, 2025
рақами хабар: 3884
Вазорати авқофи Урдун хабар дод, ки сабти ном барои 21-умин давраи мусобиқаи ҳифзи Қуръони карими Ҳошимӣ дар ин кишвар расман оғоз шудааст.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз altaj.news, ин мусобиқа дар ҳафт бахши ҳифз баргузор мегардад:

Ҳифзи тамоми Қуръон,

Ҳифзи 25 ҷузъи пайдарпай,

Ҳифзи 20 ҷузъи пайдарпай,

Ҳифзи 15 ҷузъи пайдарпай,

Ҳифзи 10 ҷузъ,

Ҳифзи 5 ҷузъи пайдарпай,

Ва ҳифзи 1 ҷузъ.

Дар ин мусобиқа гурӯҳҳои синнусолии мухталиф — аз синни 8 то 30 сола — иштирок мекунанд ва ҳар як бахши ҳифз барои гурӯҳи муайяни синнусолӣ пешбинӣ шудааст.

Сабти ном то 15-уми октябри 2025 (мувофиқан ба 23-уми моҳи меҳри имсол) идома мекунад. Ҳамчун довталабон метавонанд бо ворид шудан ба вебсайти зерин худро номнавис кунанд:
🔗 https://h-qran-c.awqaf.gov.jo/

Қайд кардан зарур аст, ки мусобиқаи Қуръонии Ҳошимӣ яке аз мусобиқаҳои муҳими солонаи Қуръонӣ дар Урдун ба шумор меравад, ки дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор мешавад.

Ин мусобиқа бо назорати мустақими Подшоҳи Урдун ва Вазорати авқофу умури исломии кишвар барпо мегардад.
Бори аввал дар соли 1993 ташкил шуда буд.

Мусобиқа ҳам барои бонувон ва ҳам мардон баргузор мешавад ва ҳадафаш тақвияти ҳифз ва тиловати Қуръон, инчунин аҳамияти додан ба каломи ваҳй, махсусан миёни ҷавонон аст.

4305325

captcha