Малик Муътасимхон, муовини раҳбари Ҷамоати Исломии Ҳинд, дар суҳбат бо хабаргузории Иқно дар ҳошияи Сиюнуҳумин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд, гуфт:
“Монеаи асосӣ дар роҳи ваҳдати кишварҳои исломӣ, набудани иродаи сиёсист. Давлатҳо бояд танҳо ба гуфтан ва қабули қатъномаҳо иктифо накунанд, балки бояд амал кунанд.”
Ӯ илова кард:
“Мо мебинем, ки Иттиҳоди Аврупо чӣ гуна амал мекунад. Мебинем, ки НАТО чӣ гуна кор мекунад. Мо шоҳиди роҳҳалҳои амалӣ дар ин созмонҳо ҳастем. Пас чаро барои кишварҳои мусалмон имкон надошта бошад, ки як иттиҳод ё эътилофе созанд — барои рушди иқтисодӣ, рушди илмӣ, таълим ва саноат? Мо бояд ба ҳувияти ҷуғрофии якдигар эҳтиром гузорем, бояд ба ҳувияти фарҳангии якдигар ҳам эҳтиром дошта бошем.”
“Ман намегӯям, ки ҳувияти худро фаромӯш кунем — на ҷуғрофӣ, на мазҳабӣ ва на қавмӣ. Ҳар кишваре, ки бошад. Вале, агар кишвари ҳамсояе мушкили таълимӣ дошта бошад, мо бояд ба онҳо кӯмак кунем, то аз буҳрони таълимӣ гузаранд.”
Набудани ирода дар раҳбарон — мушкили аслии ҷаҳони Ислом
Муътасимхон гуфт:
“Имрӯз мо созмонҳое дорем, мисли Созмони Ҳамкории Исломӣ, вале онҳо чандон муассир нестанд. Гап дар бораи қабул кардани қатъномаҳо нест. Ман медонам, ки Созмони Конфронсҳои Исломӣ вуҷуд дорад, вале онҳо фақат барои қабули қатънома ҷамъ мешаванд.”
“Аз ҳамин сабаб, мо бояд дар сатҳи поён — яъне дар сатҳи равшанфикрон, донишгоҳҳо ва расонаҳо — дар тамоми бахшҳои зиндагӣ бо ҳам ҳамкорӣ кунем.”
Ӯ таъкид кард:
“Мушкилоти аслии кишварҳои исломӣ ҳувият нест, балки ирода аст. Агар раҳбарони мо ва онҳое ки дар дохили давлатҳо қарор қабул мекунанд, иродаи ҷиддӣ дошта бошанд — мо метавонистем чунин эътилофҳоро ба вуҷуд орем.”
Бӯҳрони Фаластин — сабаби ранҷи ҷаҳони Ислом
Муътасимхон дар поён ба масъалаи Фаластин ишора карда, гуфт:
“Мусалмонҳо бояд ба муқовимати мардуми Фаластин кӯмак кунанд. Ин масъала сабаби дард ва ранҷи тамоми уммати Исломист.”
Ба гуфтаи ӯ:
“Мардуми мазлуми Фаластин бо таҳрим, бадарға шудан аз хона ва ҳатто наслкушӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Уммати Ислом бояд бидуни ҳеҷ тардид муттаҳид шаванд ва ба онҳо кӯмак кунанд, дар паҳлӯяшон истанд ва муқовимати онҳоро дастгирӣ кунанд.”
4305556