Ба гузориши Иқно, ба нақл аз ал-Айн, Шайх Султон бин Муҳаммад ал-Қосимӣ, ҳокими Шорҷа, дар як маросим дар Маҷмаи Қуръони Карим, аз Қуръони мураттали Раъд ал-Курдӣ бо ривояти Ҳафс аз Осим расман рӯнамоӣ кард.
Ӯ дар ин маросим кӯшиш ва заҳматҳои қориҳои Қуръонро дар сабти тиловатҳои гуногун қадр кард ва аз Раъд ал-Курдӣ барои ба поён расондани ин Қуръони мураттал, ва ҳамчунин аз Маҳмуд Суайдон, қории дигари аморотӣ, ки се Қуръони мурраталро бо ривоятҳои гуногун пешниҳод кардааст, бо эҳтиром ёдовар шуд ва эшонро таҳсин кард.
Ҳокими Шорҷа таъкид кард:
“Ин талошҳо барои паҳн кардани китоби Худо ва осонтар кардани тиловат ва ҳифзи он бисёр муҳиманд. Онҳо ба ҳайси як манбаи садоии мӯътамад ва ҳуҷҷатӣ барои муҳаққиқон, ҳофизон ва дӯстдорони илми Қуръон хидмат мекунанд.”
Ҳамчунин, ӯ илова намуд:
“Ин иқдомҳо бахше аз барномаҳои гуногуни Қуръонии Маҷмаи Қуръони Карим дар Шорҷа мебошанд, ки бо ҳадафи хидмат ба мусалмонони ҷаҳон иҷро мешаванд. Ин барномаҳо ба шакли нашрияҳои чопӣ, рақамӣ, барномаҳои мобилӣ ва технологияҳои муосир амалӣ мешаванд.”
Дар поёни суханонаш, Шайх ал-Қосимӣ аз муҳаққиқон ва омӯзандагони Қуръон даъват кард, ки аз Қуръони мурратали Раъд ал-Курдӣ истифода баранд ва кӯшишҳои худро барои хидмат ба Қуръон, омӯзиш ва паҳнсозии каломи ваҳй идома диҳанд.
Раъд ал-Курдӣ кист?
Раъд ал-Курдӣ, яке аз қориҳои маъруфи қавми курд дар Ироқ мебошад. Ӯ соли 1991 дар шаҳри Киркук (дар шимоли Ироқ) ба дунё омадааст.
Аз кӯдакӣ дар бисёре аз мусобиқаҳои Қуръонӣ ширкат карда, мақоми аввалро ба даст овардааст.
Соли 2007, дар синни ҳамагӣ 15-солагӣ, имом-хатиби масҷиди “Имом Шофеӣ” дар шаҳри Киркук интихоб шуд ва борҳо дар намозҳои ҷамъиятии ҳамин масҷид ба тиловати Қуръон пардохтааст.
Ӯ ҳамчунин дар намозҳои масҷиди бузурги “Шайх Зоид” дар Абу Забӣ, масҷиди “Аҳмад ал-Ҳабай” дар Дубай, ва дар масҷидҳои Кувайт, бахусус дар моҳи шарифи Рамазон, Қуръон тиловат кардааст.
Тиловатҳои мурратали ӯ дар бисёре аз кишварҳои исломӣ ва ҳатто ғайриисломӣ мухлисони зиёд доранд ва ба таври васеъ пайгирӣ мешаванд.
4305904