IQNA

Бритониё номи кишвари Фаластинро расман дар харитаҳои худ ворид кард

21:18 - September 22, 2025
рақами хабар: 3899
Ҳукумати Бритониё пас аз эътирофи расмии кишвари Фаластин, номи ин кишварро дар харитаҳои расмии худ ба ҷойи "заминҳои ишғолшудаи Фаластин" иваз ва сабт намуд.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз Sky News, ҳукумати Бритониё харитаҳои портали электронии расмии худро нав кард ва дар он номи кишвари Фаластин ҷой дода шуд.

Қаблан, дар харитаҳои расмии Бритониё Фаластин бо унвони "заминҳои ишғолшуда" нишон дода мешуд.

Рӯзи гузашта, Кир Стармер, нахуствазири Бритониё эълон кард, ки Бритониё кишвари Фаластинро ба расмият мешиносад.

Ҳамзамон бо Бритониё, Канада, Австралия ва Португалия низ кишвари Фаластинро расман эътироф карданд.

Бо ин тасмим, то имрӯз 153 кишвари узви СММ аз 193 кишвар, Фаластинро ба расмият шинохтаанд.

Гуфта мешавад, ки як гуруҳи дигари кишварҳо бо роҳбарии Фаронса низ дар пайи он ҳастанд, ки Фаластинро ба расмият шиносанд.

4306412

captcha