IQNA

Ҷиноятҳои зиддиинсонӣ аз тарафи режими саҳюнистӣ виҷдони мардумони ҷаҳонро бедор кард

22:07 - September 23, 2025
рақами хабар: 3901
Азмӣ Абдулҳамид бо ишора ба иштироки фаъоли шахсоне аз даҳҳо кишвар дар ташкили новгони"Сумуд" гуфт: Ин иқдоми бесобиқа нишон медиҳад, ки виҷдони инсонии мардуми ҷаҳон дар муқобили ҷиноятҳои ваҳшиёнаи режими Исроил бедор шудааст.

Азмӣ Абдулҳамид, раиси Шӯрои машваратии созмонҳои исломии Малайзия (MAPIM), дар суҳбат бо хабаргузории "ИҚНО" дар ҳошияи 39-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ гуфт:

Муҳимтарин омили ваҳдат байни мусалмонон, эътиқод ба як қибла аст.
Яъне қиблаи муштарак маънои як манбаи ягонаи рӯҳонӣ ва иттиҳодро дорад, ки ҳама мусалмонон ба сӯи як Худо рӯ меоранд.

Раиси созмони МАПИМ (MAPIM) зикр кард:

Мо бояд барои дифоъ аз Фаластин ва тамоми мазлумони дунёи ислом як овози пурқувват дошта бошем, то битавонем аз ин овоз дар Созмони Милал ва дигар созмонҳои байналмилалӣ истифода барем.

Абдулҳамид гуфт:

Созмони Ҳамкории Исломӣ (OIC) метавонад як ниҳоди хеле таъсиргузор барои ҳифзи ҳуқуқи мусалмонон бошад,
вале бояд вазифаи аслии худро — яъне дастгирии мусалмонони мазлум дар тамоми гӯшаву канори дунё — ба таври ҷиддӣ ва дуруст иҷро кунад.

Ӯ таъкид кард:

Мушкили асосии мусалмонон дар он аст, ки танҳо дар сухан муттаҳиданд, аммо дар амал пароканда.
Мо бояд иттиҳоди ҳақиқиро дар амал нишон диҳем — бо бойкут кардан ва таҳрими иқтисодӣ алайҳи қудратҳои истикборӣ (империалистӣ), то ба онҳо нишон диҳем, ки Уммати Исломӣ нерӯ ва таъсир дорад.

Абдулҳамид гуфт:

Созмони MAPIM ҳамлаи низомии ғайриқонунии Амрико ва Исроил ба қаламрави Эрон, аз ҷумла ба корхонаҳои ҳастаӣ ва ғайринизомӣ, шадидан маҳкум мекунад.
Чунин амалҳо равшан вайрон кардани қонунҳои байналмилалӣ, таҷовуз ба истиқлолияти Эрон ва нодида гирифтани Оинномаи СММ аст.

Ӯ илова кард:

Ҳукумати Малайзия низ ин ҳамларо расман маҳкум карда, талаб кардааст, ки ҷаласаи фаврии Созмони Милал ва Созмони Ҳамкории Исломӣ баргузор шавад.
Малайзия дар замоне, ки қонунҳои байналмилалӣ аз тарафи кишварҳои пурқудрате, ки худро аз ҷавобгарӣ озод медонанд, поймол мешаванд, хомӯш намешавад.

Ӯ афзуд:

Кишварҳое, ки аҳолии асосиашон мусалмон аст, дигар набояд ба созмонҳои беасар мисли СММ такя кунанд.
Онҳо бояд тавассути Созмони Ҳамкории Исломӣ, Ҷунбиши адами тааҳҳуд, АСЕАН, БРИКС ва дигар эътилофҳои бисёрҷониба, ҳамкориҳои алтернативии дипломатӣ ба роҳ монанд, то таҷовузгаронро расво ва таҳрим кунанд.

Ӯ гуфт:

Малайзия, ҳамчун як кишвари пешрафта бо аксарияти мусалмон ва узви Ҷунбиши адами тааҳҳуд, ҳақ ва салоҳияти ахлоқӣ ва сиёсиро дорад, ки роҳбари талошҳои муқобила бо таҷовузи Исроил бошад — бо истифода аз абзорҳои дипломатӣ, ҳуқуқӣ ва стратегӣ.

Ӯ таъкид кард:

Яке аз иқдомҳои мусбат ба хотири кумак ба мардуми мазлуми Ғазза ва шикастани муҳосираи он — таъсиси новгони байналмилалии "Сумуд" (Global Sumud Flotilla) аст.
Ин нафтун, ки аз кишварҳое мисли Тунис, Марокаш, Испания, Италия ва Малайзия иборат аст, чандин маротиба мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифта, вале то ҳол ба роҳи худ идома медиҳад, то муҳосираи Ғаззаро бишканад.

Абдулҳамид гуфт:

Ин новгон бо иштироки шаҳрвандони озодандеш аз кишварҳои гуногун кӯшиш дорад кумакҳои башардӯстонаро ба Ғазза расонад ва таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба фоҷиаи башарии мардуми Фаластин ҷалб кунад.

Кишварҳои ширкаткунанда гуфтаанд, ки аҳдофи онҳо иборатанд аз:

сулҳ,

расонидани кумакҳои башардӯстона,

эҳтиром ба ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус ҳуқуқи башардӯстона.

Ин арзишҳо, ба гуфтаи онҳо, арзишҳои муштараки тамоми кишварҳои иштироккунанда мебошанд.

4306212

captcha