IQNA

Баргузории аввалин давраи мусобиқаҳои байналмилалии Қуръон дар Покистон

22:18 - September 23, 2025
рақами хабар: 3902
Дар ҷараёни мулоқоти сафир ва мушовири фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вазири корҳои мазҳабии Покистон, баргузории нахустин мусобиқаи байналмилалии Қуръон бо иштироки довар ва қории эронӣ мувофиқа шуд.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз дафтари робитаҳои умумии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон:

Сардор Муҳаммад Юсуф, вазири корҳои мазҳабӣ ва ҳамоҳангии мазҳабҳои Покистон, дар ин мулоқот бо ишора ба робитаҳои динӣ ва фарҳангии амиқ байни Эрон ва Покистон, зарурати тавсеаи ҳамкорӣ байни ду кишвар, махсусан дар бахши сайёҳии мазҳабиро таъкид кард.

Ӯ гуфт:

Барои рушд додани сайёҳии мазҳабӣ бояд зерсохтҳо ва шартномаҳои дуҷониба миёни Покистон ва Эрон муҳайё карда шаванд.

Сардор Муҳаммад Юсуф ҳамчунин аз мавқеи шадидан зидди саҳюнистии Ҷумҳурии Исломии Эрон ситоиш карда,
аз муқовимати мардуми Эрон дар баробари таҷовузи режими Исроил дар ҷанги 12-рӯза қадрдонӣ кард.

Вазири корҳои мазҳабии Покистон бо истиқбол аз ҳамкориҳои дуҷонибаи Қуръонӣ гуфт:

Имсол нахустин давраи мусобиқаи байналмилалии Қуръон таҳти унвони "Ҷоизаи Покистон" баргузор мешавад.
Мо Ҷумҳурии Исломии Эронро даъват мекунем, ки доварон ва қориёни сатҳи баландро ба ин мусобиқа бифиристад.

Ҳамзамон, Ризо Амирӣ-Муқаддам, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Покистон,
аз нақши муҳими Покистон дар дастгирии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар давраи ҷанги 12-рӯза изҳори сипос кард ва гуфт:

Мавқеи зидди Исроилии Покистон дар ҷаҳон ислом мисл надорад.

Ӯ бо ишора ба баргузории маросимҳои бошукӯҳи Қуръонӣ дар Покистон,
таклиф кард, ки мисли дигар кишварҳои исломӣ, мусобиқаҳои байналмилалии Қуръон дар худи Покистон низ расман роҳандозӣ шаванд.

Вай изҳор дошт, ки Эрон омодагии комил дорад, то дар ташкили ин гуна чорабиниҳои Қуръонӣ дар Покистон кӯмак кунад.

4306570

captcha