Ба гузориши Ал-Ҷазира, конфронс шаби гузашта, 31-уми сентябр, дар Ню-Йорк бо суханронии Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, оғоз шуд.
Фаронса: Вақти эътирофи давлати Фаластин фаро расидааст
Макрон гуфт:
❝Мо имрӯз ҷамъ шудем, чун дигар вақти он расидааст, ки 48 асире, ки дар дасти Ҳамос ҳастанд, озод шаванд ва ҷанг дар Ғазза қатъ шавад.
Вақте барои эътирофи давлати Фаластин фаро расидааст — дигар наметавон мунтазир нишаст.❞
Ӯ илова кард:
❝Ваъдаи ташкили як кишвари арабӣ дар қаламрави Фаластин то ҳол иҷро нашудааст.❞
Арабистони Саудӣ: Дигар кишварҳоро ба эътирофи Фаластин даъват мекунем
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, тавассути вазири корҳои хориҷии кишвараш — Файсал бин Фарҳон паёми худро хонд:
❝Ин конфронс як фурсат ва лаҳзаи таърихист, то сулҳи ҳақиқӣ амалӣ шавад.❞
Ӯ гуфт:
❝Исроил то ҳол дар Ғазза, Қудс ва Каронаи Ғарбӣ геносид (қатли ом) ва ҷиноятҳои ваҳшиёна мекунад.
Танҳо роҳкор барои сулҳ – ҳалли дудавлатист. Мо дигар кишварҳоро даъват мекунем, то **қадами таърихӣ бардоранд ва давлати Фаластинро эътироф кунанд.❞
Покистон: Мо пуштибони сулҳи одилона дар Фаластинем
Муҳаммад Исҳоқ Дар, муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Покистон дар конфронс гуфт:
Покистон аз он кишварҳое, ки аллакай давлати Фаластинро эътироф кардаанд — мисли Фаронса, Бритониё, Австралия, Канада ва Португалия — истиқбол мекунад.
Ӯ аз кишварҳое, ки то ҳол ин иқдомро накардаанд, даъват кард:
❝Бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ва ӯҳдадориҳояшон, Фаластинро ба расмият шиносанд.❞
Вазорати корҳои хориҷии Покистон низ боз як бор таъкид кард, ки:
Онҳо пуштибони таъсиси давлати мустақил, бо пойтахташ — Қудси Шариф, дар асоси марзҳои пеш аз соли 1967 мебошанд, мувофиқи қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Исломӣ.
Офриқои Ҷанубӣ: Ба расмият шинохтани Фаластин бояд умумиҷаҳонӣ шавад
Сирил Рамафоса, президенти Африқои Ҷанубӣ, гуфт:
❝Мо аз тамоми кишварҳои узви СММ даъват мекунем, ки давлати Фаластинро ба расмият шиносанд.❞
Вай ёдовар шуд, ки кишвараш нақши пешсаф дар арзи даъво алайҳи режими саҳюнистӣ ба додгоҳҳои байналмилалӣ дошт.
Туркия: Ин иқдом эҳтиром ба садои адолат аст
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия гуфт:
❝Ба ҳамаи кишварҳое, ки давлати Фаластинро эътироф карданд, табрик мегӯям — шумо ба садои адолат гӯш додед.❞
Португалия: Эътирофи Фаластин – маънои эътирофи сулҳро дорад
Марселу Ребелу де Соуза, президенти Португалия, гуфт:
❝Ин тасмим танҳо маънии сиёсӣ надорад — ин қадами муҳиме ба сӯи сулҳ аст.❞
Ҳамчунин, Бритониё, Австралия ва Канада низ рӯзи якшанбе дар як иқдоми таърихӣ, Фаластинро ҳамчун давлат ба расмият шинохтанд.
Гутерреш: Давлати Фаластин як ҳақ аст, на мукофот
Антониу Гутерреш, Дабири кулли СММ, дар конфронс гуфт:
❝Ҳеҷ баҳонае барои рӯйдодҳои рӯзи 7 октябри 2023 вуҷуд надорад —
вале ҳамзамон, ҷазои дастаҷамъӣ алайҳи мардумони Фаластин низ ғайри қобили қабул аст.
Мо талаб дорем, ки **отиашбас фавран ва пурра амалӣ гардад.❞
Раисони дигар: Ҳаққи ҳар миллат аст, ки садояш шунида шавад
Анналена Бербок, раиси Маҷмаи умумии СММ гуфт:
❝Яке аз шартҳои асосии сулҳи устувор — таъсиси давлати мустақили Фаластин аст.❞
Малик Абдуллоҳи II, шоҳи Урдун, гуфт:
❝Ҳар миллат ҳақ дорад, ки садояш шунида шавад. Мо имрӯз садои худро барои адолат баланд мекунем.❞
Ӯ ҳамчунин таъкид кард:
❝Ба ҳамаи кишварҳое, ки Фаластинро эътироф карданд, ташаккур мегӯем. Акнун бояд ҳамаи монеаҳое, ки ба роҳи ҳалли дудавлатӣ зарар мерасонанд, бартараф шаванд.❞
Бразилия: Исроил бояд таҳрим шавад
Лула да Силва, президенти Бразилия гуфт:
❝Мо даъват мекунем, ки **режими саҳюнистии Исроил таҳрим шавад.
Ҷанг дар Ғазза талошест, ки мардуми Фаластин ва орзуи ташкили давлаташонро аз байн барад.❞
Моноко: Давлати Фаластинро ба расмият шинохтем
Алберти II, шоҳзодаи Моноко, субҳи сешанбе эълон кард:
❝Кишвараш аз ин пас **давлати мустақили Фаластинро расман эътироф мекунад.❞
Баёнияи ниҳоӣ: Иттиҳод барои амал
Дар баёнияи хотимавии конфронс гуфта шуд:
Бояд ҷанг дар Ғазза ба итмом расад,
Ҳамаи асирон озод шаванд,
Ва бо иқдомҳои амалии ҷиддӣ, иҷрои "Эъломияи Ню-Йорк" оғоз ёбад.
4306565