Ба гузориши ИҚНО, нақл аз анадолу, Нетаняҳу имрӯз — рӯзи ҷумъа, дар ҳаштодумин ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ кард. Аммо рӯйдод бо курсиҳои холӣ ва толори тақрибан беҳузур рӯбарӯ шуд. Аксари кишварҳои иштирокчӣ, ба нишони эътироз аз ҷиноятҳои ҷангии режими саҳюнистӣ дар Ғазза, толорро тарк намуданд.
Баъзе аз эътирозгарон дар даромадгоҳи бино низ ба ҳайатҳое, ки ворид мешуданд, муроҷиат карда пурсиданд:
«Чаро мехоҳед ба Нетаняҳу гӯш диҳед?»
Ҳангоми суханронии Нетаняҳу, ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон толорро тарк кард ва тасвирҳое аз шаҳидони ғайринизомӣ, ки дар ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Эрон кушта шуданд, рӯи миз гузоштанд.
Нетаняҳу дар суханронии таҳқиромезаш ба ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза, Лубнон, Яман ва Сурия ишора кард ва бо иддаои беасос гуфт:
«Эрон таҳдид ба тамоми ҷаҳон аст ва ҳамлаҳо ба он комилан машрӯъанд.»
Ин дар ҳолест, ки худи ӯ аз сӯи **Додгоҳи байналмилалии Гаага ҳамчун ҷинояткори ҷангӣ шинохта шудааст.
Дар суханонаш, Нетаняҳу гуфт:
«Агар Ҳамос талаботи моро қабул кунад, ҷанг ҳамон дам хотима меёбад. Ғазза бояд ғайринизомӣ шавад, силоҳашро супорад, Исроил назорати пурраи амниятиро бар ӯҳда мегирад ва як ҳукумати ғайринизомии маҳаллӣ, ки бо Исроил дар сулҳ бошад, ташкил мешавад.»
Ӯ илова кард:
«Кор мо дар Ғазза ҳанӯз тамом нашудааст.»
Ба гузориши Ал-Ҷазира, ҳамзамон бо суханронии Нетаняҳу, эътирозгарони ҷонибдори Фаластин дар шаҳри Ню-Йорк тазоҳурот карданд, бар зидди режими саҳюнистӣ шиор доданд ва парчами Фаластинро барафрохтанд.
Эътирозгарон бо изҳори ҳамраъйӣ бо мардуми Фаластин, аз ҳукумати ИМА хостанд, ки кӯмакҳои молӣ ва низомиро ба Исроил қатъ кунад.
Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бо пахши як изҳорот ба изҳороти туҳматомези Нетаняҳу дар Маҷмаи Умумии СММ вокуниши шадид нишон дод.
Дар изҳорот омадааст:
«Суханони Нетаняҳу дар бораи талош барои назорати Ғазза ва таъсиси ҳукумати марионетка (дастнишонда) як хаёл ва сароб аст — ва ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд.»
«Миллати Фаластин борҳо исбот кардааст, ки ҳеҷ гуна васоят, ишғолгарӣ ва вобастагиро қабул надорад.»
«Ташкили давлати мустақили Фаластин бо пойтахташ Қудс, як ҳаққи аслӣ ва тасарруфнопазир аст ва ҷиноятҳои ишғолгарон ва сиёсати фошистии онҳо ҳаргиз наметавонанд ин ҳақро аз байн баранд.»
4307170