Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз рӯзномаи "ар-Райа", дар ҳамин рӯз — 1 октябр — ду ҳамоиши байналмилалӣ дар Доҳа баргузор мегардад. Яке аз онҳо ба мавзӯи пайванди Қуръон ва донишҳои инсонӣ бахшида шудааст, ки бо шиори машҳури Қуръонӣ «يَهْدِي لِلَّتِي هِيَ أَقْوَمُ» (сураи Исро, ояти 9: [Қуръон] роҳнамоӣ мекунад ба роҳи дурусттарину устувортар) баргузор мешавад. Ҳамоиши дигар бо унвони «Гирдиҳамоии Китоби Уммати Исломӣ» доир мегардад.
Ҳамоиши аввал бо ширкати беш аз 18 муҳаққиқ ва донишманд аз кишварҳои гуногуни исломӣ баргузор мешавад. Ҳадафи аслии он — баргардонидани марказият ва нақши Қуръон дар ташаккули гуфтугӯҳои иҷтимоиву инсонӣ дар ҷаҳони муосир мебошад. Ин ҳамоиш кӯшиш мекунад, ки дар байни илмҳои динӣ ва илмҳои иҷтимоӣ пуле бизанад, то ин ду ба ҳам наздик шаванд.
Ҳамчунин, мақсад ин аст, ки пажӯҳишгарони мусалмон аз риштаҳои гуногунро аз саросари ҷаҳон ба ҳам оваранд, то рӯи фаҳми амиқи маъниҳои Қуръон, пайваст кардани он бо илми муосир, ва истифода бурдан аз ин маъниҳо дар таҳқиқи равандҳои иҷтимоӣ ва инсонӣ кор кунанд. Ин иқдом барои тақвияти ҷаҳонбинӣ ва андешаи исломӣ ва бехтар кардани таҳқиқ дар илмҳои динӣ бо кӯмак аз илмҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ мешавад.
Ин ҳамоиш, ки нахустин ҳамоиш аз силсилаи солонаи «Қуръон ва донишҳои инсонӣ» дар Қатар аст, ба нақши Қуръон дар ташаккули чор соҳаи муҳими илм тамаркуз мекунад:
илми тарбиявӣ (педагогика),
илмҳои иҷтимоӣ,
равоншиносӣ,
ва иқтисод.
Ҳадафи дигар ин аст, ки муҳаққиқон ва олимони соҳаҳои динӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ ба таҳқиқ дар заминаи илмҳои инсонӣ рӯ биёранд ва аз ин раванд фоида баранд.
Ҳамоиши дуюм бо унвони «Гирдиҳамоии Китоби Уммат», бо шиори «Китоби Уммат: саҳмгузориҳои рӯшангар ва кашфиёти нав», бо ҳадафи боло бурдани огоҳии фарҳангии исломӣ ва биниши амиқтари мусалмонон нисбат ба рисолате, ки бар дӯш доранд, баргузор мешавад.
Ин ҳамоиш ҳамчунин мехоҳад мусалмононро дар баробари чолишҳои рӯз ҳушёр кунад, ва роҳҳои муқобила бо ин чолишҳоро нишон диҳад.
Ин чорабинӣ як лоиҳаи муҳими фарҳангии стратегии миллӣ шуморида мешавад, ки дар он ҳашт мақола ва гузориш мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ва ҳадафаш бунёди як асоси нави фарҳангӣ аст, ки тавонад шахсияти мусалмони тавозунманд ва огоҳ аз арзишҳои исломӣ ва тағйироти ҷаҳонӣ ба вуҷуд оварад.
4307507