IQNA

Сабабҳои пойдории барномаи «Дарсҳо аз Қуръон»-и Ҳуҷҷатул-ислом Қироатӣ

23:39 - September 30, 2025
рақами хабар: 3926
Заҳро Саловатӣ, рӯзноманигор ва коршиноси расона, дар як матлаб ба сабабҳои пойдор мондани барномаи телевизионии «Дарсҳо аз Қуръон», ки аз ҷониби Ҳуҷҷатул-ислом вал муслимин Муҳсин Қироатӣ пеш мебаранд, ишора кардааст.

Матлабе, ки Заҳро Саловатӣ барои хабаргузории ИҚНО додааст, чунин оғоз мешавад:

Ҷолиб он аст, ки дарозтарин ва собиқадортарин барномаи телевизионии Эрон, як барномаи динӣ аст. Барномаи «Дарсҳо аз Қуръон», қариб 46 сол мешавад, ки ҳар панҷшанбе аз шабакаи якум пахш мешавад — барномае, ки ҳамсоли инқилоби исломист.

Ин барнома бо пешниҳоди шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ ва бо иҷозаи Имом Хумайнӣ (рҳ), соли 1358 ҳиҷрии шамсӣ (баробар ба 1979 мелодӣ) аз телевизион шурӯъ шуд ва то имрӯз идома дорад. То ҳол ҳам тамошобинони зиёд дорад. Гапи беҳуда нест, агар бигӯем, ки якчанд насл тамошобини ин барнома буданду ҳастанд ва ҳар ҳафта мешинанду ба гапҳои Ҳуҷҷатул-ислом Қироатӣ гӯш медиҳанд.

Дар навбати аввал, манбаи асосии маълумоте, ки дар барнома дода мешавад, Қуръони карим аст — як уқёни бесарҳад, ки на поён дорад, на такрор мешавад, на камӣ дорад.

Аз тарафи дигар, мавзӯъҳое, ки дар барнома матраҳ мешаванд, ҳамеша аз Қуръон гирифта шудаанд ва он қадар пазиро ва муфиданд, ки дар зиндагии ҳаррӯза ва охират ҳам ба кор меоянд.

Яке аз сабабҳои муҳими пойдории барномаи «Дарсҳо аз Қуръон», шубҳае нест, ки худ таҷриба ва дониши қавии муҷрӣ, яъне Ҳуҷҷатул-ислом Қироатӣ мебошад. Ӯ яке аз мударрисон ва муфассирони маъруфи Қуръон аст ва тафсири нур, натиҷаи солҳо тадқиқу заҳмати ӯ болои Қуръон, маҳсули ҳамин заҳматҳост.

Тафсири нур бо забони содда, равон ва барои мардум фаҳмо навишта шудааст — ҳамин услубро Қироатӣ ба барнома низ ворид кардааст. Дар барнома ҳам мавзӯъҳои қуръонӣ бо забони сода ва оммафаҳм шарҳ дода мешаванд.

Яке аз шароити муҳими сохтани чунин барномаҳо, ки мазмунҳои воло доранд, забони самимӣ ва расои фаҳмондани маълумот аст. Ҳуҷҷатул-ислом Қироатӣ ба ҳайси муфассир ва муҷрии барнома, бо ҳамин роҳу услуб тавонист, ки тамошобинонро аз дурдасттарин деҳаҳои кишвар то қаъри шаҳри Теҳрон, наздик ба ним аср бо Қуръон ва маърифати инсонсозу ҳаётбахши он ҳамроҳ нигоҳ дорад.

4307760

captcha