Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз "Muslims Around the World", ин чорабинӣ бахшида ба тиловати Қуръони Карим буда, дар он 27 кӯдак дар назди тақрибан 400 нафар меҳмон, аз ҷумла уламову имомон ва шахсиятҳои мазҳабӣ ва иҷтимоӣ, тиловати Қуръонро анҷом додаанд.
Тиловати Қуръон бо тарҷума ба забони булғорӣ,
Иҷрои сурудҳои мазҳабӣ, ки ба арзишҳои исломӣ такя доранд,
Дуои дастаҷамъонаи кӯдакон барои хайру баракат дар кишвари Булғористон.
Дар ин чорабинӣ Шайх Мустафо Ҳоҷӣ — муфтии аъзами Булғористон, инчунин бархе аз масъулини маҳаллӣ ва уламои динӣ ширкат доштанд.
Онҳо дар суханрониҳои худ таъкид карданд, ки тарбияи як насли дорои ахлоқи нек ва дини солим, омили муҳим дар пешрафти ҷомеа аст ва аз кӯшишҳои имомони масоҷид, омӯзгорон ва падару модароне, ки кӯдакони дӯстдори Қуръонро ба воя мерасонанд, арзиши баланд қоил шуданд.
Маҳфили қуръонии Булғористон бо тақсими тӯҳфаҳо ба кӯдакони иштирокчӣ ва баргузории як зиёфати самимона ва оилавӣ поён ёфт.
Булғористон як кишвари воқеъ дар ҷанубу шарқи Аврупо аст. Мусулмонон бузургтарин ақаллияти мазҳабӣ дар ин кишвар мебошанд ва бештари онҳо туркнажоданд.
Рудозем як шаҳри хурд дар вилояти Смолян аст, ки ба соли 2001 аҳолиаш 4361 нафар будааст.
4308658