Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз шабакаи ал-Ҳадас, дар ин мусобиқа 22 ширкаткунанда аз 21 кишвари дунё дар бахшҳои ҳифз ва тиловати пурраи Қуръон дар назди ҳайати доварон рақобат мекунанд.
Ин мусобиқа, ки дувумин давраи баргузории он мебошад, бо пуштибонии расмии Вазорати корҳои исломии Арабистони Саудӣ дар масҷиди марказии ҷумҳурӣ дар Остона баргузор шуда, ширкаткунандагон аз кишварҳои зерин дар он ҳузур доранд:
Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Қазоқистон, Подшоҳии Баҳрайн, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Миср, Фаластин, Марокаш, Алҷазоир, Урдун, Туркия, Малайзия, Покистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Индонезия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Чеченистон ва Тотористон.
Ин мусобиқа рӯзи чоршанбе, 23-уми моҳи меҳр оғоз шуда, фардо — рӯзи панҷшанбе бо баргузории маросими ҷамъбастӣ, эълони ғолибон ва тақдими ҷоизаҳо ба поён мерасад.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Шайх Нуризбой Утебенов, муфтии кулли Ҷумҳурии Қазоқистон, вазирону сафирон, уламои кишварҳои ширкаткунанда, шахсиятҳои расмӣ ва мазҳабӣ ҳузур хоҳанд дошт.
Ин чорабинӣ нақши муҳим ва таъсиргузори Қуръони каримро дар зиндагии мусалмонон нишон медиҳад ва робитаҳои бародарии исломиро мустаҳкамтар мекунад.