
Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз Алҷазира, минтақаи Фотиҳ дар Истанбул шоҳиди як ҷашни бошукӯҳи хатми таҳсил буд, ки дар он садҳо нафар Қуръономӯз иштирок доштанд. Онҳо таҳсилоти худро дар бахшҳои ҳифзи Қуръон ва забони арабӣ ба поён расонда буданд ва барои гирифтани диплом ва гувоҳномаҳои хатми курсҳо, ба масҷиди Султон Салим омада буданд. Дар ин маросим гурӯҳе аз уламову роҳбарони динии Туркия низ ҳузур доштанд.
Аз ҷумлаи шахсиятҳои ҳозир дар маросим метавон ном бурд аз:
Аҳмад Фикрӣ Доғон Ҳукофандӣ, раҳбари маънавии ҷомеаи Исмоилия,
Исмоил Солеҳ Топҷу, аз уламои маъруфи динӣ,
ва Маҳмуд Эрeн, раиси ифтихории Бунёди "Эринлер".
Ҳамчунин, шуморе аз уламо, имомони масоҷид, намояндагони созмонҳои хайриявӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар баробари иштироки густурдаи донишомӯзон ва хонаводаҳояшон, дар ин ҷашн ширкат карданд.
Маросим бо тиловати Қуръон ва адои намози ҷамоат оғоз гардид. Дар маҷмӯъ, 318 хатмкунанда дипломи худро дар бахши таҳсилоти исломӣ дарёфт намуданд.
Абдулматин Қарақум, мудири мактаби "Ҳамидия", ин рӯйдодро як рӯзи таърихӣ барои масҷиди Султон Салим унвон кард ва гуфт:
«Мо ба 318 Қуръономӯз, ки китоби Худоро аз ёд карданд ва дар улуми исломӣ маҳорат пайдо намуданд, гувоҳнома додем. Аз Худо мехоҳем, ки тавассути онҳо бар миллат хайру баракат ато кунад.»
Маросим бо дуои Шайх Мусо Ёлдиз Ҳоҷа Афандӣ, устоди улуми исломӣ, дар фазое пур аз маънавият ва шодӣ поён ёфт ва як саҳифаи навро дар таърихи Истанбул дар арҷгузорӣ ба улуми динӣ ва ҳифзи Қуръони Карим боз кард.
4311927