IQNA

Рӯнамоӣ аз тафсири Қуръон бо хатти «Аҳмад Умар Ҳошим» дар Миср

17:27 - October 24, 2025
рақами хабар: 4022
Барномаи «Аҳли Миср» барои аввалин бор аз нусхаи тафсири Қуръони Карим, ки ба хатти дастнависи Аҳмад Умар Ҳошим, олими маъруфи мисрӣ ва тоза даргузашта, навишта шудааст, рӯнамоӣ кард.

Ба гузориши «ИҚНА» бо истинод ба «Algomhor», дар ин барнома тафсири дастнависи шайх Аҳмад Умар Ҳошим, ки навиштани он даҳ сол тӯл кашидааст, муаррифӣ шуд. Тавре таъкид гардид, ин олими бузурги мисрӣ то поёни умр ин асари арзишмандро ба итмом расонид.

Ин китоб яке аз дастовардҳои илмии муҳимтарини шайх Ҳошим ба шумор меравад, ки дар он тафсири мухтасари оятҳо бо тавзеҳот ва фоидаҳои ҳар сура дар якҷоягӣ омадааст.

Шайх Ало Ҳошим, бародарзодаи ин олими даргузашта, гуфт:
«Навиштани ин тафсир ба як рӯъёи содиқ (хобе ҳақиқӣ) марбут аст, ки дар он шайх Аҳмад Рошид — яке аз уламои маъруф — ин вазифаи шарҳи оятҳои Қуръонро ба Аҳмад Умар Ҳошим вогузор карда буд».

Ӯ афзуд: «Дар ин асар, тафсири мухтасари Қуръон дар ҳошияи саҳифа ҷой дода шудааст, то хонанда тавонад маънои оятҳоро осонтар дарк кунад. Ҳамзамон дар ҳар сура дарсҳо ва пандҳои равшан ва сода пешниҳод шудаанд».

Вай илова кард: «Ин асар ҳамчун як тафсири ҳамроҳи рӯзмарра барои мусалмонон тавсиф мешавад, ки дар он матни Қуръон бо роҳнамоиҳои таълимӣ ва маънавӣ омехта шудааст».

Ало Ҳошим гуфт: «Ин тафсир пурра аз тарафи Маҷмаи таҳқиқоти исломии Ал-Азҳар мавриди баррасии илмӣ қарор гирифт. Ин раванд тақрибан шаш моҳ идома кард, то матни Қуръон тасдиқ шавад. Қарор аст иҷозатномаи расмии нашри он ҳафтаи оянда дода шавад».

Ӯ афзуд: «Гурӯҳе аз дӯстдорони шайх, бо сарварии муҳандис Исмоил Абдулъотӣ, хароҷоти чопи тафсирро бо ҳисоби худ бар дӯш гирифтаанд. Ин китоб ба таври ройгон паҳн хоҳад шуд, то ҳамчун садақаи ҷория барои марҳум Аҳмад Умар Ҳошим бошад».

Аҳмад Умар Ҳошим, донишманд ва воизи маъруфи мисрӣ, рӯзи 6 феврал 1941 дар деҳаи Бани Омор дар Миср таваллуд шуда буд. Ӯ раиси пешини Донишгоҳи Ал-Азҳар, устоди ҳадис ва улуми ҳадис дар ҳамин донишгоҳ, узви Маҷмаи таҳқиқоти исломии Миср ва узви собиқи Маҷлиси халқ буд.

Ин олими бузурги мисрӣ чанде пеш, дар рӯзи 7 октябри 2025 (15 меҳрмоҳ), аз дунё гузашт.

4312018

captcha