
Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз сомонаи рӯзномаи саудии «Ал-Мадина», Вазорати умури исломии Арабистон дар баёнияи матбуотӣ эълон кард: сеюмин даври мусобиқаи миллии Қуръон дар Қирғизистон барои писарон ва духтарон рӯзҳои 27 то 29 октябри соли 2025 (мувофиқ бо 5 то 7-уми обони соли 1404) дар масҷиди Имом Сархасӣ дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад.
Ин мусобиқаи қуръонӣ таҳти назорати Абдулатиф бин Абдулазиз Ол-аш-Шайх, вазири умури исломӣ, таблиғот ва иршоди Арабистон, ва дар чорчӯби барномаҳои байналмилалии ин вазорат баргузор мегардад. Ҳадаф аз ин чорабинӣ — паҳн кардани паёми ҷаҳонии Қуръон аст.
Дар баёнияи мазкур гуфта мешавад, ки баргузории ин мусобиқаҳо бо ҳадафи пайваст кардани мусалмонон бо китоби Худо, ташвиқи насли ҷавон ба ҳифзи Қуръон ва боло бурдани дониши қуръонии мусалмонон сурат мегирад.
Марҳалаи муқаддамотии мусобиқа аз рӯзи 10-уми октябр (18-уми меҳр) оғоз ёфт ва ҳафт вилоят ва ду шаҳрро дар минтақаҳои мухталифи Қирғизистон дар бар гирифт. Дар ин марҳила 300 нафар ҳофизи Қуръон дар ду бахш — занона ва мардона ширкат карданд, ки аз байни онҳо 54 нафар ба марҳалаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Марҳалаи ниҳоии сеюмин мусобиқаи миллии Қуръон рӯзҳои 5 ва 6-уми обон (27 ва 28 октябри 2025) баргузор мегардад ва маросими анҷом ва қадрдонӣ аз ғолибон рӯзи 7-уми обон (29 октябри 2025) баргузор хоҳад шуд.
Иштирокчиён дар се бахш ба рақобат мепардозанд:
Ҳифзи пурраи Қуръон,
Ҳифзи 15 ҷузъ,
Ҳифзи 5 ҷузъ — ва ҳар се бахш барои писарон ва духтарон баргузор мешавад.
Маблағи умумии ҷоизаҳои ин мусобиқа наздик ба ним миллион риёли саудӣ эълон шудааст.
4312530