
Ба гузориши “Алҷазира”, як асири фаластинӣ, ки тоза аз зиндонҳои режими саҳюнистӣ раҳо ёфтааст, дар мусоҳибае шарҳ дод, ки чӣ гуна ҳифзи Қуръон дар Ғазза ин қадар паҳн шудааст.
Дар барномаи “Аёмуллоҳ” (“Рӯзҳои Худо”) -и шабакаи “Алҷазира мубошир”, Шайх Наҷӣ Ал-Ҷаъфаровӣ, асири озодшудаи фаластинӣ ва имомхатибу воизи Вазорати авқофи Ғазза ширкат дошт. Ӯ дар бораи роҳе, ки дар навори Ғазза барои парвариши насли ҳофизони китоби Худо, бо вуҷуди ҷанг, муҳосира ва вайрониҳо истифода мешавад, ҳарф зад.
Ҷаъфаровӣ дар посух ба саволи як бинанда, ки сирри ҳофизони барҷаста дар Ғазза чист, гуфт:
“Барномарезӣ ва созмондиҳӣ сабаби муваффақият ва натиҷаи хуб мегардад. Аз ҳамин сабаб, лозим аст барномаҳо созмонёфта ва бо чорчӯбаи муайян бошанд, ки фарқиятҳои байни ҳофизон аз лиҳози синну сол, ҷинс ва сатҳи таҳсилро ба назар гиранд. Ин аввалин нуқта аст.”
Ӯ афзуд:
“Нуктаи дуввум — ин аст, ки шахс ҳангоми тиловати Қуръон бояд бо овози баланд бихонад. Масалан, як саҳифаро ҳифз мекунад, баъд ду саҳифаро якҷо, баъд панҷ ё даҳ саҳифаро якҷо мехонад. Ва то вақте қисми қаблиро — аз аввали оят то охираш — нахонад, ба сураи дигар намегузарад. Ин беҳтарин усуле буд, ки мо таҷриба кардем.”
Ӯ идома дод:
“Аз ҳамин сабаб мо он натиҷаҳоро дидем, ки ҳамаи шумо шоҳид будед: дар тӯли ду соли ҷанг, зиёда аз 1500 марду зани ҳофизи китоби Худо бар харобаҳои яке аз масҷидҳои вайроншудаи мо ҷамъ шуданд ва аз Фотиҳа то Нос, тамоми Қуръонро аз ёд қироат карданд.”
Ҷаъфаровӣ шарҳ дод:
“Нуктаи сеюм — ин аст, ки ҳар ҳофиз бояд устоде дошта бошад, ки ӯро ҳамроҳӣ кунад, бо ӯ Қуръонро такрор кунад, ташвиқ ва роҳнамоӣ намояд.”
Ӯ гуфт:
“Нуктаи чаҳорум — ин аст, ки ҳофиз бояд ёру ҳамсафаре дошта бошад, ки ӯро дастгирӣ кунад.”
Худованди мутаъол фармудааст:
«Ваҷ‘ал лӣ вазиран мин аҳлӣ — барои ман ёваре аз хешонам қарор деҳ» (Тоҳа: 29)
ва инчунин мефармояд:
«Санашудду азрука биахика — мо оринатро бо бародарат мустаҳкам месозем» (Қасас: 35).
Ӯ гуфт: “Вуҷуди чунин дӯст сабаб мешавад, ки бо ӯ мусобиқа кунем, якдигарро ташвиқ намоем ва дар ҳифзи китоби Худо ҳамдигарро қавӣ гардонем.”
Дар поён Ҷаъфаррвӣ гуфт:
“Дар ниҳоят, ҳофиз бояд аз Худо кӯмак бихоҳад — бо дуо, дар ҳамаи ҳолатҳояш, дар ҳамаи корҳояш, дар ҳар вақт, дар саҷдаҳояш, дар намози шаб, то Худо ӯро ёрӣ диҳад ва ҳифзи Қуръонро барояш осон гардонад.
Худованди мутаъол фармудааст:
«Ва ба ҳақиқат, Мо Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем, пас оё касе ҳаст, ки панд гирад?» (Қамар: 17).”
4312847