
Бино ба гузориши икно ба нақл аз «ал-Алам», як манбаи амниятӣ ба хабаргузории суриёии «Сано» гуфтааст, ки Вазорати корҳои дохилии ҳукумати муваққатии Димишқ дар ҳоли пайгирии ҷузъиёти инфиҷоре аст, ки дар минтақаи «Сайида Зайнaб» дар атрофи Димишқ рух додааст.
Ин хабаргузорӣ тавзеҳ додааст, ки бар асоси гузоришҳои ибтидоӣ, ин инфиҷор натиҷаи партоби бомба аз ҷониби як шахс ба сӯи як воситаи нақлиёти ғайринизомӣ буда, ки дар натиҷа як ғайринизомӣ ҷароҳат бардоштааст.
Ин вазоратхона афзудааст, ки нерӯҳои амниятӣ барои анҷоми таҳқиқот, минтақаро муҳосира кардаанд.
Шаҳодати хатиби ҳарами ҳазрати Зайнaб (с)
Дар ҳоле ки бархе гузоришҳои аввалия аз ҷароҳат бардоштани Сайид Фарҳон Ҳасан ал-Мансур дар инфиҷори имрӯз дар минтақаи Сайида Зайнaб (с) дар Димишқ ҳикоят мекард, бархе манобеъ аз шаҳодати ин олими шиъа хабар доданд.
Манобеи суриёӣ гузориш додаанд, ки Сайид Фарҳон Ҳасан ал-Мансур, узви ҳайати уламоёни шиъаи Сурия ва хатиби ҳарами Сайида Зайнaб, ба далели ҷароҳатҳои бардошта дар ин ҳамла ба шаҳодат расидааст.
Ин рӯҳонии шиъа имрӯз дар як ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Сайида Зайнaб ҳадафи бомби дастии афроди ношинос қарор гирифта, ба шаҳодат расид.
4349731