
Ба гузориши икно, ба нақл аз «Лидершип», ФИФА ба сабаби шиорҳои зидди исломие, ки ба тозагӣ дар як бозӣ дар Испания шунида шуданд, расман амалкарди интизомӣ алайҳи Федератсияи футболи ин кишварро ба роҳ мондааст.
Дар ҷараёни ин бозӣ, ки 31 март баргузор шуд, қисми аз ҳаводорони ҳозир дар варзишгоҳи RCDE дар Барселона шиор медоданд: «Ҳар касе, ки намепарад, мусалмон аст».
Шӯрои олии ФИФА ба хабаргузории Фаронса гуфт: «ФИФА имрӯз раванди иқдоми интизомӣ алайҳи Федератсияи футболи Испанияро ба далели рӯйдодҳои дар бозии дӯстона муқобили Миср рухдода оғоз кардааст».
Ин навтарин маврид аз силсилаи ҳодисаҳои монандест, ки солҳои охир футболи Испанияро таҳти таъсир қарор додааст. Дар иқдоми дигари нажодпарастона, Винисиус Жуниор, ҳамлагари бразилии дастаи Реал Мадрид, борҳо мавриди таҳқирҳои нажодпарастона қарор гирифтааст.
Ҳафтаи гузашта, полиси Испания эълом кард, ки шиорҳои исломҳаросона ва бегонаҳаросонаро мавриди баррасӣ қарор додааст ва Педро Санчес, нахуствазири ин кишвар, ин ҳодисаро ғайриқобили қабул хонд ва онро маҳкум намуд. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки ба як ақаллияти бефарҳанг иҷоза дода намешавад, ки обрӯи кишварро доғдор созанд.
Федератсияи футболи Испания низ ин шиорҳоро маҳкум кард. Аз сӯи дигар, Ламин Ямал, ҳамлагари тими Испания, ки мусалмон аст ва дар ин бозӣ ширкат дошт, эълом намуд, ки беэҳтиромиро аз ҷониби касоне, ки «нозукфикру нажодпараст» ҳастанд, маҳкум мекунад.
Диего Симеоне, сармураббии Атлетико Мадрид низ гуфт, ки ин мушкил аз марзҳои як кишвар фаротар рафта, падидаи иҷтимоӣ ва ҷаҳониест, ки кишварҳои зиёдеро, аз ҷумла Испания, Аргентина ва Бразилияро дар бар мегирад.
Ӯ бозгашт ба арзишҳо ва нишонаҳои эҳтиром дар ҷомеа, бахусус дар хонавода, муассисаҳои таълимӣ ва дохили майдонҳои варзиширо талаб кард.
4348200