
Ба гузориши рӯзномаи «аш-Шарқ», шумораи умумии иштирокчиёни араб дар ин давраи мусобиқа 1266 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миён, 655 нафар намояндагони 17 кишвари арабӣ ва 611 нафар аз 46 кишвари дигар мебошанд.
Миср, Судон ва Сумолӣ бо ҷамъ 316 иштирокчӣ дар ҷои аввал байни кишварҳои арабӣ қарор доранд. Пас аз онҳо кишварҳои Мағриби Араб (Марокаш, Алҷазоир, Тунис ва ғайра) бо 210 иштирокчӣ дар ҷои дуюм ва кишварҳои Шом ва Ироқ бо 92 иштирокчӣ дар ҷои сеюм ҷой гирифтаанд. Аз кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс бошад, ҳамагӣ 37 иштирокчӣ ширкат доранд.
Тибқи ин гузориш, Кумитаи интихоб ҳамаи довталабонро арзёбӣ намуда, 100 нафари беҳтаринро барои иштирок дар марҳалаи муқаддимотӣ, ки дар шаҳри Доҳа баргузор мешавад, интихоб мекунад. Ин 100 нафар дар 20 барномаи телевизионӣ ширкат хоҳанд кард, ки дар ҳар як барнома панҷ нафар ба рақобат мепардозанд. Аз ҳар як барнома як нафар ба марҳалаи ниманиҳоӣ роҳ меёбад.
Дар марҳалаи ниманиҳоӣ, 20 иштирокчӣ ва панҷ нафари эҳтиётӣ дар панҷ барномаи дигар рақобат хоҳанд кард. Аз ҳар барнома як нафар ба марҳалаи ниҳоӣ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳалаи ниҳоӣ, ғолибони ҷойҳои якум то панҷум эълон мегарданд. Ин мусобиқаҳо дар моҳи мубораки Рамазон тавассути телевизиони Қатар пахш хоҳанд шуд.
Ҳайати доварон аз шаш узв иборат аст: се нафари онҳо қориёни дорои шаҳодатнома ва мутахассис дар қоидаҳои таҷвид мебошанд, ва се нафари дигар мутахассисони мақомот, зебоӣ ва оҳангҳои садо мебошанд. Бунёди фарҳангии «Катара» ният дорад, ки аз тиловати пурраи Қуръон аз ҷониби ғолиби ҷойи аввал як CD (диск)-и махсусро дар студияҳои худ сабт кунад.
Маблағи умумии ҷоизаи «Катара» барои тиловати Қуръон 1,5 миллион риёлӣ қатариён аст. Ғолиби ҷойи аввал 500 ҳазор риёл, ҷойи дуюм 400 ҳазор, ҷойи сеюм 300 ҳазор, ҷойи чорум 200 ҳазор ва ҷойи панҷум 100 ҳазор риёл мукофот мегиранд.
Идораи кулли авқофи Вазорати авқоф ва умури исломии Қатар аз соли 2017, замони таъсиси ин ҷоиза, ҳомии расмии он ба шумор меравад.
4315983