IQNA

Профессори амрикоӣ дар соҳаи омӯзиши динҳо дар суҳбат бо ИҚНО гуфт:

Ҳазрати Фотима (с) нури равшан ва роҳнамо барои ҳама аст

14:32 - November 14, 2025
рақами хабар: 4109
Мэри Туркил (Mary Thurlkill), нависандаи масеҳӣ ва устоди донишгоҳи Миссисипӣ гуфт: Шахсияти ҳазрати Фотима (с) дорои паҳлӯҳои омӯзанда ва ибратбахш аст, ки метавонад мисли нури равшан, барои ҳамаи занону мардон дар ҷаҳони имрӯз роҳнамои зиндагӣ бошад.

Мэри Туркил — устоди бахши омӯзиши динҳо дар донишгоҳи Миссисипӣ ва мутахассиси таърихи ислом ва масеҳият дар асрҳои миёна мебошад.

Ӯ китобҳо ва мақолаҳои зиёде дар бораи муқоисаи ислом ва масеҳият навиштааст.

Маркази таваҷҷӯҳи таҳқиқоти ӯ — масеҳият, ислом ва ахиран мавзӯи зиёрат мебошад.

Аз осори маъруфи ӯ яке ин китоб аст:
"Баргузида аз миёни занон: Марям (а) ва Фотима (с) дар масеҳият ва ислом" (Chosen Among Women: Mary and Fatima in Christianity and Shi‘ite Islam, Notre Dame).
Дар ин китоб, Туркил бо истифода аз усулҳои омӯзиши ҷинсият ва дин, нақши Марями муқаддас дар масеҳияти асрҳои миёнаро бо нақши ҳазрати Фотима (с) дар мазҳаби шиъа муқоиса мекунад.

Мэри Туркил дар суҳбат бо Иқно дар бораи шахсияти ҳазрати Фотима (с) ва он чӣ занони имрӯз метавонанд аз ӯ биомӯзанд, андешаҳояшро баён кард.

Ӯ дар посух ба саволе, ки ҳамчун як муҳаққиқи ғайриисломӣ кадом ҷиҳати шахсияти ҳазрати Фотима (с) бештар бар ӯ таъсир гузоштааст ва зиндагии ӯ чӣ сабақе барои занони имрӯз дорад (фарқи надорад мусалмон бошанд ё не), гуфт:
Фотима Захро (с) намунаи сабру устуворӣ аст; ӯ ҳатто дар сахттарин шароит нурашро гум намекард.
Ба назари ман, суннати исломӣ ба таври хос имкон медиҳад, ки мо на танҳо як симои муқаддас ва ормонӣ, балки муборизаҳо ва душвориҳое, ки ӯ ва ҷомеаи исломӣ бо он рӯ ба рӯ буданд, равшан бубинем.
Ӯ дар миёни мушкилот, оилаашро дӯст медошт ва ба онҳо содиқ монд.
Маҳол аст, ки инсон як рӯз дар ин дунё бе ранҷ гузаронад, вале агар аз Фотима (с) ибрат гирем, мо ҳам метавонем мисли ӯ нуру умедро паҳн кунем.
Албатта, ҳам занон ва ҳам мардон метавонанд аз ӯ илҳом бигиранд.

Ин устоди таърихи ислом ҳамчунин гуфт:
Омӯзиши шахсиятҳое мисли Марям (а) ва Фотима (с) метавонад пули иртибот байни масеҳиён ва мусалмонон, ҳатто байни донишгоҳҳои ғарбӣ ва исломӣ бошад.
Дар таърих, Марями муқаддас рамзи бисёр арзишҳои ахлоқӣ будааст — аз покдоманӣ то меҳрубонии модарона.
Вақте хонандагони ғарбӣ ин арзишҳоро бо шахсияти Фотима (с) муқоиса мекунанд, мебинанд, ки масеҳият ва ислом дар бисёр асосҳои ахлоқӣ муштараканд.

Ӯ афзуд:
Ман одатан ба ояти 13 сураи Ҳуҷарот ишора мекунам:
«Эй мардум, Мо шуморо аз мард ва зан офаридем ва ба қабилаҳо ва халқҳо ҷудо намудем, то якдигарро бишносед; беҳтарини шумо назди Худо тақвотарини шумост. Албатта, Худо доно ва огоҳ аст».
Яъне Худо халқҳо ва қабилаҳоро барои шинохт ва дӯстӣ офаридааст — гуногунӣ мушкил нест, балки неъмат аст.

Ӯ гуфт:
Дар дарсҳоям ҳамеша таъкид мекунам, ки каме фурӯтанӣ бисёр кумак мекунад.
Дар таълимоти калисои католик, дар санаде бо номи Nostra Aetate ("Дар замони мо"), гуфта шудааст, ки ҳеҷ дин ё суннат комил нест; худи инсонҳо бояд якҷо барои камол ва фаҳмиши беҳтар талош кунанд.

Дар поён, вақте аз ӯ пурсиданд, агар бихоҳад ҳазрати Фотима Захро (с)-ро дар чанд калима тавсиф кунад — на ҳамчун муҳаққиқ, балки ҳамчун як инсон — чӣ мегӯяд, Туркил гуфт:
Ман Фотимаро муҳофизи сахтгир ва дилсӯзи хонаводааш, дифоъгари адолат ва намунаи имон ва таслими пурра ба Худо мешиносам — ҳатто он вақтҳое ки ин кор бисёр душвор буд.

код

4315631

captcha