IQNA

Барномаҳои истеъдодҷӯи «Давлати Тиловат» дар Миср ба эфир меравад

0:04 - November 15, 2025
рақами хабар: 4113
Барномаи «Давлати Тиловат» — як барномаи вижаи муваффақият дар соҳаи тартибу қироати Қуръон — аз шабакаҳои моҳвораии Миср ба эфир меравад.

Ба гузориши ИҚНО аз манбаъи Алқоҳира 24, ин барнома қарор аст, аз ҷумъа 14 ноябри 2025 (баробар бо 23-уми обон) аз шабакаҳои моҳвораии Алҳая, CBC, ан-Нас, Мисри Қуръони Карим ва платформаи «Watch It» пахш шавад.

Вақти пахши барнома ҳар шанбе ва якшанбе соати 9 шоми ҳар ҳафта хоҳад буд.

Барномаи «Давлати Тиловат» дар доираи ҳамкории муштараки Вазорати Авқоф ва ширкати хидматрасонии Алмутахидда (Миср) ва бо мақсади шинасоии истеъдодҳо ва соҳибони тиловатҳои маъруф аз манотиқи гуногуни кишвар таҳия шудааст.

Арзишҳои мукофотҳои мусобиқа 3,5 миллион фунти мисрӣ буда, ҳар як аз ҷойҳои аввали ду рӯйи мусобиқот (тартили Қуръон ва қироати Қуръон) як миллион фунт ба даст хоҳанд овард, ва тамоми Қуръон бо овози онҳо сабт ва дар шабакаи «Мисри Қуръони Карим» пахш хоҳад шуд.

Ҳамчунин, ин ду нафар дар моҳи Рамазон барои имомати намози ҷамоат дар Масҷиди Имоми Ҳусейн (а) дар Қоҳира масъул хоҳанд шуд.

Ба гузориши мазкур, марҳалаҳои муқаддамотии мусобиқа бо истиқболи васеи иштирокчиён рӯбарӯ шудааст ва зиёда аз 14 ҳазор нафар аз манотиқи мухталиф дар ин рӯйдод иштирок намудаанд.

Озмуни иштирокчиён дар чанд марҳала сурат гирифтааст ва 32 нафар барои рақобат дар марҳалаи ниҳоӣ бо назорати як кумитаи илмии махсус аз Вазорати Авқофи Миср ба раҳбарии Усома Азҳарӣ, вазири Авқофи ин кишвар, интихоб шудаанд.

Кумитаи доварӣ инчунин шомили мақомот ва олимони динӣ ва илмии Миср ва ҷаҳон дар соҳаи Қуръон мебошад, ки аз ҷумла метавон ба Шейх Ҳасан Абдуннабӣ (муовини кумитаи баррасии Қуръон дар Ал-Азҳар), Тоҳои Абдулваҳоб (мутахассиси овоз ва мақомоти Қуръонӣ), Мустафо Ҳасанӣ (мубаллиғи исломӣ ва қории Шейх Тоҳаи Наъмонӣ) ишора кард.

4315754

captcha