IQNA

Боздошти блогери мисрӣ бо сабаби қироати Қуръон дар Осорхонаи Бузург

0:12 - November 15, 2025
рақами хабар: 4114
Нерӯҳои амниятии Миср Аҳмад ас-Самалуси, блогери ҷавон ва соҳиби видео дар бораи қироати Қуръон дар Осорхонаи Бузурги Мисрро боздошт карданд.

Ба гузориши ИҚНО аз манбаъи Алқоҳира, ин видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва ас-Самалуси, блогери ҷавонро нишон медиҳад, ки дар пеши якчанд мумияҳои фароъини дар дохили осорхонаи Бузурги Миср истода, бо қироати оятҳое аз Сураи Ғофир (Дар бораи ҳикояи Ҳазрати Мӯсо (а) ва фиръавн) дар бораи куфр ва ширк дар миёни фиръавниён қироат мекунад.

Ин ҷавони мисрӣ дар видео бо овози баланд оятҳои Қуръонро мехонад, ки боиси ҳайрат ва шодмонӣ дар миёни баъзе аз меҳмонон ва кормандони осорхона шуда аст.

Мақомоти масъул ҳоло дар ҳоли таҳқиқи видео буда, бо шинасоии шахсият, таҳқиқи мўҳлат ва шароити сабти видео ва рағбатҳои ӯ мебошанд.

Дар ҳамин замина, Вазорати сайёҳӣ ва осорҳои Миср таъкид кард, ки ҳарчанд аз нигоҳи шариат ин амали қироат халалдор намебошад, аммо аз нуқтаи назар кардани фарҳанг ва тамаддун, ин кор на мувофиқ бо фазои илмӣ ва таърихии осорхона аст. Осорхонаи Бузурги Миср, бузургтарин осорхонаи ҷаҳон дар бораи тамаддуни Мисри қадим аст ва истифодаи он ҳамчун замина барои ҷалби аудитория дар шабакаҳои иҷтимоӣ як рафтори қобили қабул нест.

Ҳишом Рабиъ, муовини фатво дар Дорул-Ифтойи Миср дар вокуниш ба нашри ин видео гуфт: "Қироати Қуръон аз бузургтарин ибодатҳост барои наздик шудан ба Худо, ки дилҳоро равшан мекунад ва рӯҳро ором мегардонад."

Вай таъкид кард, ки қироат дар ҳар маконе, ки ба қадри Қуръон мувофиқ бошад, ҷоиз аст ва ба оят 

«فَاقْرَءُوا مَا تَيَسَّرَ مِنْه»

 Пас ҳар ончӣ ки осон аст, аз Қуръон бихонед» (Ояти 20, Сураи Муззаммир) ишора намуд.

Ҳишом Рабиъ дар сафҳаи Фейсбуки худ навишт: "Баргардонидани ин намуди ибодат ба як воситаи нишон додан ё шахсони худнамоӣ бар дигарон нишон медиҳад, ки он аз мақсад дур аст; зеро мақсади аслӣ дар ибодат, ихлос аст, на таваҷҷӯҳ ё фиристодани паёмҳои пинҳонӣ."

Вай афзуд: "Тасвири касе, ки Қуръон мехонад, ба монанди он ки ӯ дар як муҳити пур аз одамони ғофил ҳақиқати мутлақ аст, ибодатро аз як иртиботи пинҳонӣ байни банда ва Парвардигори ӯ ба як намоиши ошкори бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳ ва хештани эҳсоси камбудӣ дар дигарон табдил мекунад ва ин раванд хатар аст барои мазмуни имон ва рӯҳияи ибодат."

Рабиъ инчунин гуфт, ки хатар дар ин ҳолат вақте бештар мешавад, ки оятҳои махсус, ба монанди ҳикояи Мӯсо (а) бо фиръавн интихоб карда мешаванд ва дар Осорхонаи Бузурги Миср қироат мешаванд, ки ин ба назар мерасонад, ки маконҳое, ки таърих ва тамаддуни як умматро дар худ ҷой медиҳанд, "манзили ширк" аст; дар ҳоле, ки ин рафтор, бе эҳтиром ба Қуръони Карим ва гуноҳе бузург аст.

4316421

captcha