
Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз Ас-Сафир 24, идораи авқофи Қудс, Шайх Салҳабро аз чеҳраҳои барҷаста ва содиқи Қудс тавсиф карда, таъкид намуд, ки ӯ тамоми умрашро барои хизмат ба ин шаҳри муқаддас ва ҳифзи маконҳои исломӣ сарф намуд.
Ин идора изҳор дошт, ки Шайх Салҳаб дар бахшҳои қазои шаръӣ, омӯзиши динӣ ва мудирияти муассисаҳои исломӣ осори пойдор ба ҷо гузошт ва махсусан дар давраи раёсаташ бар Шӯрои авқоф нақши асосӣ дар идора ва муҳофизати Масҷидулақсо ифо кард.
Ҳокими Қудс низ бо ирсоли паёми таслият гуфт, зиндагии Шайх Салҳаб намунаи эҳдо ва фидокорӣ дар дифоъ аз Ақсо ва ҳифзи ҳастии маънавӣ ва фарҳангии шаҳри Қудс буд.
Шайх Салҳаб аз уламо ва шахсиятҳои барҷастаи Фаластин маҳсуб мешуд, ки фаъолияти худро дар дастгоҳи қазо оғоз кард ва дар роҳи хизмат ба мардум марҳила ба марҳила рушд намуда, ниҳоят соли 1998 ба ҳайси Қозиюл-қузоти Қудс таъйин шуд.
Баъдан ӯ раёсати Шӯрои авқоф ва умури исломиро бар уҳда гирифт ва дар идораи умури Масҷидулақсо, пуштибонӣ аз тарҳҳои ободониву сохтмонӣ ва ҳифзи мероси исломии Қудс нақши намоён дошт.
Лоиҳаҳои бузурги тармим ва бозсозӣ дар ҳавлӣ ва дохили Масҷидулақсо аз дастовардҳои муҳими ин олими фаластинӣ ба ҳисоб мераванд.
Шайх Салҳаб ҳамчунин поягузор ва раиси Ҷамъияти улуми исломӣ ва фарҳангӣ буд, ки мактабҳои «Ал-Имон»-ро идора мекунад.
Ӯ соли 2019 боздошт шуда буд ва дар солҳои охир чандин бор ишғолгарони сионист монеъи вуруди ӯ ба Масҷидулақсо мешуданд.
Паёми таслияти Ҳамос
Ҳаракати муқовимати исломии Ҳамос дар як баёния даргузашти Шайх Абдулъазим Салҳаб (79-сола), раиси Шӯрои авқофи исломии Қудс ва яке аз сутунҳои Қудс ва Масҷидулақсо,ро пас аз умре пур аз фидокорӣ ва дифоъ аз ин масҷид ва шаҳри муқаддас ба тамоми мардуми Фаластин ва уммати исломӣ ва арабӣ таслият гуфт.
4316784