
Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз muslimsaroundtheworld, Албония кишвари мусалмоннишин дар ҷанубу шарқи Аврупо буда, бо Юнон, Сербия ва Македония ҳамсарҳад аст ва пойтахташ шаҳри Тирана мебошад. 70 дарсади аҳолии ин кишвар мусалмонанд.
Дар бораи тарзи ворид шудани Ислом ба ин минтақа назарҳои гуногун вуҷуд доранд. Бархе бар онанд, ки аввалин иртиботи Албония бо Ислом тавассути тоҷирони эронӣ ва пеш аз ҳукумати Усмониён бар Балкан сурат гирифта буд.
Назари дигар мегӯяд, ки албониҳо аз тариқи фаъолиятҳои арабҳои «Сисилӣ» — бахусус дар минтақаи «Лега» дар Албония — бо Ислом ошно шуданд.
Ин кишвар уламо ва шахсиятҳои барҷастаи исломиро ба воя расонидааст, ки барои густариши фарҳанги Ислом хидматҳои бузург кардаанд. Яке аз ин чеҳраҳо — «Ваҳбӣ Исмоил Ҳақӣ» мебошад.
Зиндагиномаи Ваҳбӣ Исмоил Ҳақӣ
Ваҳбӣ Исмоил Ҳақӣ (Vehbi Ismail Haki) соли 1919 дар шаҳри Шкодер, воқеъ дар шимоли Албония — яке аз қадимитарин шаҳрҳои кишвар, ки беш аз ду ҳазор сол таърих дорад — ба дунё омадааст. Дар давраи тӯлонии ҳукумати Усмонӣ (1479–1912), Шкодер ба маркази фарҳанги исломӣ табдил ёфт ва уламо ва донишмандони зиёде дар он парвариш ёфтанд.
Падари Исмоил Ҳақӣ имоми маъруфи шаҳр ва марди фарҳехта буд, ки китобхонаи ғании дорои ҳазорҳо китоб ба забонҳои арабӣ, усмонӣ ва форсӣ дошт. Шеърҳои падар, ки ба хатти албонӣ навишта мешуданд, идомаи як мероси фарҳангие буданд, ки садҳо сол рушд карда буданд, ва ин ҳама таъсири амиқе дар тарбияи Ваҳбӣ гузошт.
Ҳиҷрат ба Қоҳира
Кӯч бастани Ваҳбӣ ба Қоҳира бо тағйири самти таҳсили донишҷӯёни албонӣ рост омад; аз соли 1923 ба ҷои Истанбул бештар ба Қоҳира мерафтанд, замоне ки «Ҷамъияти мусалмонони албонӣ» дар Миср таъсис ёфта буд.
Ваҳбӣ тобистони соли 1945 аз донишгоҳи Ал-Азҳар хатм кард. Аммо натавонист ба ватан баргардад, зеро режими коммунистӣ дар Албония ба қудрат расида буд ва барои шахсони диндор ҷойе намонд. Аз ин рӯ, ӯ Мисрро хонаи дуюми худ интихоб кард.
Дар ин солҳо ӯ бо фарҳанги арабӣ комилан ошно шуд ва бо муҳимтарин маҷаллаҳои фарҳангии арабӣ, аз ҷумла ас-Сақофа, ар-Рисола ва ал-Ҳилол ҳамкорӣ мекард; маҷаллаҳое, ки бузургтарин нависандагони қарни XX араб, чун Тоҳо Ҳусейн, Аббос Маҳмуди Аққод, Абдулқодири Мазинӣ, Аҳмад Амин, Аҳмад Закӣ ва дигарон дар он менавиштанд. Ваҳбӣ бо бисёре аз онҳо дӯстӣ дошт.
Кӯч ба Амрико
Соли 1949 бо даъвати раиси «Ҷамъияти амрикоиҳои мусалмони албонӣ», ки соли 1945 дар Детройти иёлати Мичиган таъсис ёфта буд, ба ИМА меравад. Дар он ҷо ба таъсиси аввалин масҷид ва маркази фарҳангӣ барои ҷомеаи албонӣ кӯмак кард.
Пас аз таҷрибаи густардаи тарҷума аз арабӣ ба албонӣ ва баръакс, Ваҳбӣ тасмим гирифт, ки худро ба чолиши тарҷумаи Қуръони Карим ба забони албонӣ бисанҷад.
Уламо дар Албония — мисли тамоми ҷаҳони Ислом — бо вуҷуди асрҳо ҳузури Ислом дар байни албониҳо, аз тарҷумаи Қуръон худдорӣ мекарданд. Онҳо муттақид буданд, ки омӯхтани Қуръон ба забони арабӣ, ҳадди ақал барои намозҳои рӯза, зарурӣ мебошад.
Бо ин вуҷуд, пас аз истиқлоли Албония соли 1912 ва густариши ҳаракати миллӣ, ки мусалмонон ва масеҳиёнро муттаҳид мекард, яке аз роҳбарони он — И. Қафзези — иқдом ба тарҷумаи Қуръон аз англисӣ кард ва бахши аввалашро соли 1921 нашр намуд. Ӯ ин тарҷумаро манбаи фарҳангӣ барои ҳамаи албониҳо медонист.
Ваҳбӣ Исмоил аз шумораи сеюми маҷаллаи «Зиндагии мусалмонони албонӣ» соли 1950 чанде аз сураҳоро — чун Фотиҳа, Бақара, Ҳуҷурот, Фурқон ва ғайра — тарҷума ва нашр кард, ки истиқболи зиёд ёфт. Сипас ба тарҷумаи тамоми Қуръон тасмим гирифт ва онро анҷом ҳам дод.
Ӯ матни тарҷумаро омода карда буд ва барои хароҷоти чоп ба кишварҳои арабӣ сафар кард. Аммо дар ин сафар чармдони ӯ, ки тарҷума дар дохилаш буд, гум шуд. Ваҳбӣ моҳҳо мунтазир монд, то шояд ёбад, вале дигар пайдо нашуд.
Ваҳбӣ ба дӯсташ Фатҳӣ Мехдӣ (Fathi Mehdiu), ки худаш ба тарҷумаи Қуръон алоқаманд буд, гуфт, ки дигар аз сабаби пирӣ қудрати тарҷумаи дубора надорад. Ин имконият дод, ки Мехдӣ кореро, ки солҳо орзу дошт, анҷом диҳад.
Фатҳӣ Мехдӣ дар Югославияи коммунистӣ ба тарҷумаи Қуръон машғул шуд — замоне ки доштани Қуръон дар ҳар хона метавонад соҳибашро ба зиндон барад — то ин ки соли 1985 тарҷумаи Қуръони Каримро дар шаҳри Приштина нашр кард. Ин аввалин тарҷумаи комили Қуръон аз арабӣ ба албонӣ буд.
Ваҳбӣ Исмоил аз ин тарҷума розӣ буд ва онро дар ИМА ва Канада таблиғ кард. Соли 1986 дар аввалин симпозиуми байналмилалии тарҷумаҳои Қуръонӣ, ки дар Истамбул баргузор шуд, низ ҳамин тарҷумаро муаррифӣ намуд.